Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣВазоратТаърихи вазорат

Таърихи вазорат

24.07.2023 4 588

Маълумоти мухтасар оид ба таърихи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи Ҷумҳурии мухтори шӯравӣ 14 декабри соли 1924 бо протоколи раками 2-и ҷаласаи Кумитаи инқилобии Ҷумхурияти худмухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, дар қатори 8 вазорат-комиссариатҳои халқии Тоҷикистони шӯравӣ бо номи Вазорати зироати Тоҷикистон таъсис ёфт. Аз ҳамон замон то ин дам, ин Вазорат дар сохтори давлатии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Ҳарчанд номи ин вазорат, дар сохтори давлатии Тоҷикистон чанд бор тағйир ёфт, масалан, Вазорати зироат, Кумитаи давлатии агросаноатӣ, Вазорати хоҷагии қишлок ва ислоҳоти замин ва ғайра, аммо моҳияти ҳамаи ин вазоратҳо як буданд ва мақсаду маромашон, таъиноташон ин тараққи додани соҳаи кишоварзии мамлакат буд.

Роҷеъ ба таърихи инкишофи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, дар давраи таърихи навтарин шурӯъ аз соли 1924 метавон гуфт, ки он дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳо ноил гардид, ва албатта омили асосии рушди соҳа андешидани чораҳои зарурӣ, бахусус дар таҳким бахшидан ба инкишофи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин буд, ки хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон рӯ ба инкишоф ниход. Дар Ҷумҳури рафоқатҳои шарикона, артелҳои хоҷагии қишлоқ, колхозҳои аввалин, МТС-ҳо ба вуҷуд меомаданд.

Халқ фаъолонаю якдилона ба баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ даст мезад. Нақши ташкилотчигии Комиссариати зироат,ки он ба ҳамин мақсад таъсис ёфта буд, раднопазир аст. Кори ба системадарории сектори хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурӣ хеле душвор буд, аммо ин корро амалӣ намудан талаби замона буд. Душманони сохти нав ба ҳар восита, бо ҳар баҳона ба пешравии корҳо халал мерасонданд, мардумро гумроҳ мекарданд, нисбат ба ҳукумати шӯро тухми кинаю адоват мепарвариданд.

Мардумро аз ташкилшавии колхозҳо тарсонда, ба он оқибатҳои вазнинро нисбат медоданд. Иншооту объектҳои навташкилро несту нобуд мекарданд, фаъолони деҳотро ба қатл мерасонданд. Ҳукумати нави шӯравӣ, аз ҷумла сохтори кишоварзии он-Комиссариати хоҷагии қишлоқ вазифадор буд, ки тамоми қувва, дониш ва таҷрибаро ба муқобили чунин зуҳуроти бадбинона равона созанд.

Баъди пойдор шудани ҳокимияти шӯравӣ ва ба вуҷуд омадани давлати доманадори СССР дар ҳудуди он, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бо қарори анҷумани ХV ҲКИШ (соли 1927) сиёсати коллективонии хоҷагии қишлоқи давлати шуравӣ ҷорӣ гардид. Ин тарзи хоҷагидорӣ, дар ҳудуди давлатҳои навтаъсис воқеан нав буд ва табиист , ки ба муаммоҳои печ дар печ дучор меомад. Бахусус дар Точикистон, ки як сарзамини аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле қафомонда буд, ин масъала душвориҳои худро дошт. Ҳарчанд дар мамлакат, аллакай коллективонии хоҷагии халқ шурӯъ шуда буд, ҳанӯз 6,6% хоҷагиҳои амалкунанда ва 15% ҳайвонҳои корӣ дар дасти бойҳо буданд.

Аллакай , дар худи ҳамин солҳо як қисми деҳқонони камбизоат шаклҳои гуногуни коллективҳо-коркарди рафиқонаи заминҳо (КРЗ) артелҳои хоҷагии қишлоқ, кооперативҳо барпо менамуданд. Дар ноҳияҳои марказию ҷанубии Тоҷикистон колхозҳо бунёд мешуданд.

Оғози соли 1929 шумораи колхозҳо ба 117 расид. Дар охири сол бошад, шумораи колхозҳо ба 250 баробар шуд. Ин шумора исботи он буд, ки Тоҷикистон дар таъсис додани колхозҳо аз минтақаҳои тараққикардаи шӯравӣ қафо намемонад.

Маврид ба тазаккур аст, ки аз соли 1930 ҳаракати колхозсозии Тоҷикистон якҷоя бо саноатикунонии хоҷагии қишлоқ пеш мерафт. Дар худи ҳамин сол Комиссариати замини ИҶШС ҳуҷҷати қонунгузории колхозҳо – «Оинномаи артели хоҷагии қишлоқ»-ро таҳия карда, бо ҳамин тартиботи коргузорию моликиятдорӣ ва принципҳои идораи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро муқаррар сохт.

Соли 1929 КМ ҲКИШ бо қарорҳои махсуси худ, равнақ додани пахтакориро чун қисми таркибии нақшаи индустрикунонии мамлакат муайян намуд.Аз рӯи қарорҳои мазкур Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои он, аз ҷумла Вазорати хоҷагии қишлоқ, вазифадор шуданд, ки сохтмони иншоотҳои обёриро равнақ диханд. Бо ин мақсад, сохтмони гидротехникии Вахш ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонии он оғоз гардид.Бо қарори Шӯрои Комиссариати халқи ИҶШС «Доир ба сохтмони ирригатсионии Вахш» (6 майи соли 1931) ин сохтмон ба сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ табдил дода шуд. Диққати тамоми мамлакат ба он нигаронида шуд, ки водии Вахш ба манбаи истеҳсоли пахтаи маҳиннах табдил ёбад. Ба ин сохтмони зарбдор, мамлакат ягон чизро дареғ намедошт, чӣ қадар техника ва қувваи корӣ лозим бошад, ба ин ҷо фиристода мешуд.

13 сентябри соли 1933 ба канали калони ирригатсионии Вахш об сар дода шуд, ки ин ғалабаи калони меҳнатӣ дар самти ободгардонии хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурӣ буд.

Ба хотири беҳдошти некуаҳволии мардум, соли 1935 бо қарори махсуси ҳизбию ҳукуматӣ муҳочирони бо парвариши пахтаи маҳиннах машғул буда, ба муддати 5 сол аз андозҳои давлатию маҳаллӣ озод карда шуданд. Дар ҳамин солҳо роҳи оҳани тангбари Душанбе-Ҷиликӯл сохта шуда, сохтмони иншооти обёрикунандаи Хоҷа-Боқғирхон оғоз гардид. Иншоотҳои барқӣ низ дар ҳамин давра сохта мешуданд.

Соли 1937 коллективонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, асосан ба охир расид ва дар ин давра ба ҷои 200 ҳазор хочагиҳои парокандаи яккадаст, 3900 колхоз ва 20 совхоз бунёд гардид.

Баъдан дар мамлакат зарурати муттаҳидгардонии хоҷагиҳои коллективӣ ба амал омад ва колхозҳои хурд бо ҳам муттаҳид шуда, хоҷагиҳои бақудратро ташкил медоданд , дар натиҷа соли 1965 дар Тоҷикистон шумораи хоҷагиҳои коллективӣ ба 309 адад расид.

Роҷеъ ба таърихи пойдоршавии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон сухан гуфта, наметавон аз давраи пуризтироби Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд накард. Дар ин солҳо аз деҳоти кишвар аксари мардуми ҷавону миёнасол ба фронт рафтанд. Дар колхозҳо асосан занон ва мардони пиронсолу бачагони хурдсол монданд. Ва маҳз ҳаминҳо колхозҳоро, умуман истеҳсолоти кишоварзиро идора мекарданд. Солҳои хеле мушкил буд, аммо мардонагию ҷасорати беҳамтои кишоварзони он солҳои мушкил колхозҳоро аз фаношавӣ боздошт. Колхозҳо ба фронт кӯмаки имконпазир расонда, ба ғалабаи ҷанговарони шӯравӣ саҳми босазои худро расонданд.

Пас аз ҷанг хоҷагии халқи мамлакат бо азму талоши мардум рӯз ба рӯз рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳама соҳаҳои ҳаёт пеш мерафт. Бахусус хоҷагии қишлоқ ба дастовардҳои бузург ноил мегардид. Меҳнат ба шарофати механиконии истеҳсолот осон мешуд. Масалан, соли 1972 дар колхозу совхозҳои Ҷумҳурӣ 24 ҳазор трактор, 1200 комбайнҳои ғалладарав ва 2900 мошинҳои пахтачин кор мекарданд. Ба зироатҳои хоҷагии қишлоқ ҳазорҳо тонна нуриҳои минералӣ, моддаҳои ҳифзи растанӣ дода мешуд.

Пахтакорӣ ба манбаи асосии даромади Ҷумхурӣ табдил ёфт,.каналҳои калони Ҳисор, Дилварзин, Фарғона ва ғайра ба истифода дода шуданд ва ин ҳама ба манфиати Ватан буд.

Солхои 80-ум дар Ҷумҳурӣ 430 ҳазор гектар замин аз худ карда шуд.

Дар баробари пахтакорӣ дар мамлакат чорводорӣ низ васеъ ривоҷ ёфт. Назар ба соли 1937, ки коллективонии хоҷагии қишлоқ ба охир расидааст, дар солҳои 80-ум саршумори чорвои калони шохдор 2,5 маротиба ,гӯсфанд 4 маротиба афзуд. Соҳаи паррандапарварӣ низ хеле тараққӣ кард. Базаи хӯроки чорво ба вуҷуд оварда шуд.

Соҳаи ғаллакорӣ, боғдорӣ, токпарварӣ, сабзавоткорӣ, тамокую анҷибарпарварӣ ва гайра ба хазинаи кишвар даромади калон меовард.

Пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар деҳоти Ҷумҳурӣ кадрҳои баландихтисоси хоҷагии қишлоқ, мутахассисони соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ якҷоя бо олимон дар тараққӣ додани истеҳсоли кишоварзӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои зироатҳо, махсусан пахтаи дар олам машҳури тоҷик, чорво , дигар намуди маҳсулот саҳми босазо мегузоштанд.

Даҳҳо нафар фарзандони заҳматкаши Ватан ба хотири меҳнати пурсамарашон ба мукофотҳои Олӣ, аз ҷумла ба унвони Каҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сазовор дониста мешуданд. Кишоварзони барҷастаи Тоҷикистон С.Урунхочаев, А.Самадов, К.Исмоилов ба ин унвон дукарата соҳиб шуданд.

Ин буд чанд маълумоти мухтасар оид ба таърихи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи истииқлолияти кишвар.

Солҳои соҳибистиқлолшавии Тоҷикистон барои кишоварзони тоҷик як давраи ниҳоят ҳассос ва тағдирсоз буд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди он Ҷумҳуриҳои соҳибистиқлоли Миллӣ пайдо шуданд. Тоҷикистон ҳам 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти Миллии худро соҳиб гашт. Истиқлолият ба собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ шароитҳои мусбати Миллӣ дода бошад ҳам, аз ҷониби дигар имкониятҳои иқтисодии онҳоро хеле танг намуд ва сатҳи истеҳсолоти Миллӣ якбора хеле паст фаромад. Ин ҳам бар асари канда шудани алоқаҳои иқтисодӣ, моддӣ ва молиявии ягона буд, ки дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои сол қавӣ гардида, ба як системаи том табдил ёфтааст. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи кишвар якбора рӯ ба таназзул ниҳоданд. Аз ҷумла, хоҷагии халқи мамлакат ба як ҳоли табоҳе афтод.

Мавриди зикр аст, ки пас аз истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон рух додани ҷанги шахрвандӣ дар кишвар низ, дар иқтисодиёти харобгардидаи ҷумҳурӣ таъсири иловагии бештари манфиро расонд. Дар натиҷа зиндагии мардум дар Тоҷикистон хеле вазнин шуд ва махсусан таъмини озуқавии аҳолӣ душвор гардид, арзиши маводи ғизоӣ боло рафт ва халқ ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид.

Ниҳоят, бо ба вазифаи сарвари давлат интихоб шудани Э. Раҳмон ва ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар мамлакат, раванди ислоҳоти иқтисодӣ ба як маҷрои муназзам даромад.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳам аз бӯҳрони шадид оҳиста берун шуда, бо суръати суст ҳам бошад, рӯ ба тараққӣ ниҳодан оғоз кард.

Бояд гуфт, ки дар тӯли чанд соли ҷанги гражданӣ, бо сабаби вазъияти мураккабу бесомониҳо қисми зиёди моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ғорат гардид. Аз ҷумла амволи кишоварзӣ несту нобуд мешуд.

Ислоҳоти давлатӣ ва иқтисод дар шароити нав тақозои ҳаёт буд. Сохтори давлатӣ таҷдид ёфта, вазорату кумитаҳо мутобиқи замон таъсис меёфтанд. Ислоҳоти иқтисодӣ ривоҷ меёфт. Соли 1995 лоиҳаи барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар доираи татбиқи ин барнома чандин қонунҳои муҳими Тоҷикистон қабул гардид, ки кодекси замини Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқони» (фермерӣ), «Дар бораи ислоҳоти замин», дастури президент аз 9 июни соли 1999 «Дар бораи азнавсозии корхонаю ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ» ва дигарҳо аз ин қабиланд.

Маҳз, дар ҳамин давра тақсиму ба иҷораи дарозмуддату кӯтоҳмуддат додани замин оғоз гардид, ки ин ҳавасмандии деҳқононро ба касби аҷдодии кишоварзӣ дучанд намуд.

Саҳми сармоягузорони хориҷию ватанӣ ба иқтисодиёти кишоварзӣ назаррас боло рафт. Ва дигар тадбирҳои судманд боиси то ба имрӯз хеле беҳтар шудани холати кор дар деҳот, яъне вазъи кишоварзӣ гардид.

Аз 5 майи соли 2004 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раками 199 қарор «Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки дар он ба ролу мақоми вазорат баҳои баланд дода, масъулияти он бештар гардидааст. Акнун собиқ идораҳои мустақили мамлакат ба монанди «Хӯрокворӣ», «Мадад», «Ғалла», «Моҳипарвар», «Саноати гӯшту шир» ва «Тоҷикдеҳқонкимиё» дар тобеияти Вазорати кишоварзӣ масъулияти дучандро талаб мекунад.

Вазорат якҷоя бо ташкилотҳои байналмиллалӣ , бо сохторҳои кишоварзии кишварҳои дигар ҳамкорӣ карда , лоиҳаю барномаҳои гуногунро дар ҳаёт татбиқ месозад, ки он ба манфиати кишоварзони ҷумхурӣ аст.