Ҳакимзода Қурбон - Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966
Ҷои таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти ҳочагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: агроном-олим
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ
Бо мукофотҳои давлатӣ медали 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисотон, ордени Шараф дараҷаи 2, медали 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1988 | Донишҷӯи Институти ҳочагии қишлоқи Тоҷикистон |
Солҳои 1987-1988 | Хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ |
Солҳои 1988-1993 | Агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷа, ноҳияи Бобочон Ғафуров |
Солҳои 1993-1995 | Раиси Иттиҳодияи истеҳсолоти “Сельхозхимия” |
Солҳои 1995-1996 | Муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолоти “Облсельхозхимия” шаҳри Ҳуҷанд; |
Соли 1996-(07-10) | Мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд |
Солҳои 1996-1999 | Раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд |
Солҳои 1999-2002 | Сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд |
Солҳои 2002-2004 | Муовини раиси ноҳияи Бобочон Ғафуров |
Солҳои 2004-2006 | Муовини аввали сардор, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд |
Солҳои 2006-2008 | Муовини раиси вилояти Суғд |
Солҳои 2008-2010 | Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд |
Солҳои 2010-2013 | Раиси ноҳияи Фархор вилояти Хатлон |
Солҳои 2013-2018 | Муовини якуми раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2018-2019 | Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2023 | Раиси вилояти Хатлон |
Аз 05.01.2023 то ҳол | Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Анварӣ Нигина - муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 1 январи соли 1977
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Таҳсилот: олӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ
Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ
Бо мукофотҳои давлатии бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 бо медали «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1994-1999 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997 | Мутахассиси дараҷаи 1-ум Раёсати таъминкунӣ ва тайёркунии ширкати давлатии Вазорати истеҳсоли маҳсулоти нони Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-1999 | Мутахассиси дараҷаи 1-ум Раёсати таъминкунӣ ва тайёркунии ширкати давлатии саҳҳомии «Ғалла» |
Солҳои 1999-2001 | Муовини сардори Шуъбаи Агентии хариди мол кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2001-2002 | Муовини сардори Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2002-2008 | Сармутахассиси Шуъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2010 | Сармутахассиси Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2013 | Муовини мудири Шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2020 | Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз 14.02.2020 то ҳол | Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Назарзода Машокир Фозил - муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 15 июни соли 1962
Ҷои таваллуд: ноҳияи Муъминобод
Таҳсилот: олӣ, соли 1988 Институти педагогии давлатии Душанбе, соли 2013 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур хатм кардааст.
Ихтисос: муаллими забони англисӣ, зооинженер
Бо мукофотҳои давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1979-1980 | Коргари савхози «Уртабуз» – и ноҳияи Фархор |
Солҳои 1980-1982 | Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ |
Солҳои 1982-1983 | Коргари савхози «Уртабуз» – и ноҳияи Фархор |
Солҳои 1983-1988 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон |
Солҳои 1988-1992 | Омӯзгори мактаби миёнаи №35 ноҳияи Фархор |
Солҳои 1992-1994 | Лаборант, омӯзгори кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон |
Солҳои 1994-1996 | Таъминотчии заводи панирбароии шаҳри Душанбе |
Солҳои 1996-1997 | Муовини директори Комбинати гӯшту консерваи шаҳри Душанбе |
Солҳои 1997-2000 | Сардори шуъбаи маркетинг ва робитаҳои иқтисодӣ, иҷрокунандаи вазифаи директори Комбинати гӯшту консерваи Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии «Тоҷикмясо-молпром» |
Солҳои 2000-2004 | Директории генералии Корхонаи воҳиди «Ғизо»-и Корпоратсияи «Хӯрокворӣ» |
Солҳои 2004-2006 | Директории филиали Иттиҳодияи «Ғизо» – и Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ» - Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2007-2008 | Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008-2023 | Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз 18.07.2023 то ҳол | Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аҳмадзода Баҳромҷон Раҷаб - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 07 ноябри соли 1975
Ҷои таваллуд: ноҳияи Рӯдакӣ
Таҳсилот: олӣ, соли 1998 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро хатм кардааст
Ихтисос: муҳандис-механик
Унвони илмӣ: Доктори илмҳои техникӣ (2018), профессор (2019);
Бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ:
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009;
Ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳақиқони ҷавон бахши илмҳои иқтисодӣ, соли 2011;
Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011;
Дипломи Маркази миллӣ патентии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо, соли 2011;
Ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Ихтирокори беҳтарин”, соли 2011;
Медали “Хизмати шоиста”, соли 2014;
Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015;
Ифтихорномаи Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон , соли 2022;
«Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2021 бо медали «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Фаъолияти корӣ:
Асисстенти кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (1998-2003);
Омӯзгори калони кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2003-2008);
Дотсенти кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2008-2018);
Профессори кафедраи мошинҳо ва таҷҳизотҳои технологӣ дар агроинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2019-2022);
Муовини декани факултети механиконии кишоварзӣ оид ба таълим, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2001-2008);
Мудири кафедраи механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2012-2014);
Декани факултети механиконии кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2009-2019);
Муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оид ба илм ва инноватсия (2019-2022);
Раиси Шурои диссертатсионии 6D KOA-050 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2018-2020);
Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректои оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (2022-2025)
Аз 28-уми майи соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Соҳаи илмӣ:
Аспиранти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур 052001-технологияҳо ва воситаҳои механикониии кишоварзӣ (2000-2003);
Унвонҷӯи Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2004-2006);
Технологияҳо ва воситаҳои энергиясарфакунанда дар механиконии кишоварзӣ;
Соҳиби мактаби илмӣ, таҳти роҳбарӣ 4 нафар рисолаи номзадӣ, роҳбари 2 унвонҷӯ, 1 докторанти (PhD), 1 докторанти анъанавӣ.
Муаллифи 200 маводҳои илмӣ-таълимӣ аз ҷумла 17 патент.