Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣВазоратНизомнома

Низомнома

24.07.2023 5 105

Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқаррароти умумӣ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи кишоварзӣ ба амал мебарорад.

Вазорат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.

Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар корхонаю муассисаҳо анҷом медиҳад:

Вазорат вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • таҳияи барномаҳо ва дурнамои истеҳсолот, ки истифодаи самараноки иқтидори кишоварзии мамлакатро таъмин менамоянд;
  • ташкили мониторинги истеҳсолот ва даромаднокии истеҳсорлоти кишоварзӣ, муайян намудани тамоюлҳои рушд;
  • таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, нормативҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ;
  • мониторинги риояи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо, меъёрҳо, гузаронидани таҳлили нишондиҳандаҳои омории истеҳсолоти кишоварзӣ;
  • мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани назорати воридот, содирот, истеҳсол ва истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ:
  • таҳияи пешниҳодот оид ба рушди корҳои селексионӣ, тухмипарварӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ, моҳипарварӣ ва занбурпаварӣ, ҳифзи растаниҳо, истифодаи пестисидҳо ва дигар заҳрхимикатҳо дар мубориза бо заррраррасонҳои кишоварзӣ, механизатсия, таъмини рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумлапахта ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ.
  • дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, таҳияи тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот, иҷрои корҳои кишоварзӣ.
  • баҳодиҳии комплексӣ ва пешгӯии вазъи кишоварзӣ, таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва аҳолӣ бо иттилооти дахлдор;
  • дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки дар консепсияҳои байналмиллалӣ ва шартномаҳю созишномаҳои байналмилалӣ ба ӯҳдаи худ гирифтааст;
  • мусоидат ба ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаи кишоварзӣ.

II.Ваколатҳо

Ба зиммаи Вазорат ваколатҳои зерин гузошта шудаанд:

— таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои дарозмуддат, миёнамуддат ва кӯтоҳмуддати рушди соҳаи кишоварзӣ;

— расониданикӯмаки методию ташкилӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷм ва баланд бардоштани сифати маҳсулот, таҳияи тавсияҳо оид ба ҷорӣ намудани усулу тарзҳо пас аз самарабахшии истеҳсолот, селексияи растаниҳо, парвариши чорвои зотӣ, парранда, моҳӣ, занбӯри асал, истифодаи техникаи замонавӣ, пестисидҳо ва воситаҳои дигари муҳофизати растаниҳо;

— гузаронидани мониторинги вазъи ҷории истеҳсолот ва хароҷоти қиёсии корхонаҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ даромад ва зарар;

— таҳияи тадбирҳое, ки ба ташаккул ёфтани бехатарии озуқавории мамлакат, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд;

— ҳамоҳангсозии корҳои тухмипарварӣ, муайян ва минтақабандӣ намудани навъ ва намудҳои серҳосилтарин ва сифатноктарин зироатҳои кишоварзӣ, чорвои зотӣ, моҳӣ, парранда ва занбӯри асал, таҳияи усулҳои павариши онхо ва пешниҳоди тавсияҳои дахлдор ба эҳтиёҷот таъмин намудани истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ ба маводи босифати тухмӣ, кӯчат, ниҳол, моҳича,оилаи занбӯр ва ҷавонаҳои чорвои зотӣ;

— таҳияи пешниҳод ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои давлатӣ сармояҳои ҷалбгардида барои корхонаҳои кишоварзӣ ҷудогардида, мониторинги истифодаи самараноки онҳо, таҳияи пешниҳодот ҷиҳати баланд бардоштани таъминоти бозори дохилӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти бахши кишоварзӣ.

— таҳияи пешниҳод оид ба такмили сохтори идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ, оид ба фароҳам овардани шароитиҳои мусоиди бозорӣ (ташкилӣ, содиротию воридотӣ, андозбандӣ, мелиоративӣ, нақлиётӣ, қарзӣ ва дигар), кам намудани талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ;

— ҷалб намудани сармоягузории хориҷию ватанӣ барои рушди дастгирии соҳибкорӣ ва рақобат, ташаккули бозори дохилии истеҳсолоти кишоварзӣ;

— ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва истифодаи оқилонаи замин, заҳрхимикатҳо, нуриҳои маъданӣ ва технологияҳои муосир;

— таъмин намудани риояи талаботи каранти растанӣ ва ҳайвонот, фитосанитарӣ ва коркарди химявии онҳо;

— бо тартиби муқарраргардида гузаронидани озмоиши давлатии навъҳои зироатҳо в азоту ҷинсҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқи муаллифии селексионерҳо, додани шаҳодатномаи муаллифӣ ва патентҳо барои дастовардҳои селексионӣ, таҳияи пешниҳод ҷиҳати минтақабандии зироатҳо ва ҳайвоноти кишоварзӣ, ки барои парвариш дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд;

— таъмини методӣ, иттилоотӣ ва машваратии мақомоти идораи давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд:

— дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сертификати мутобиқати сифат ва маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ;

— таъмини рушд ва такомули хизматрасонии истеҳсолию техникӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии техники олоту техникаи кишоварзӣ ва таҷҳизоти фермаҳои чорводорӣ;

— мутобиқи аҳдномаи лизингӣ ба ҷумҳурӣ ворид намудани техникаи нави кишоварзӣ;

— иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии кадрӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

— амалӣ намудани фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ;

— омода ва нашри ҳарвақтаи маърӯзаҳо ва ҳисоботи миллӣ оид ба вазъи кишоварзӣ;

— таҳия ва таъмини иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии мақсадноки рушд ва барқарорсозии соҳаҳои кишоварзӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор иштирок намудан дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва минтақави вобаста ба масъалаҳои кишоварзӣ;

— таҳия ва тасдиқи самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯӣ (аз ҷумлаташкил ва гузарониданионҳо), бунёди технологияи нави пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ:

— дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани фармоиши давлатӣ ва таъмини эҳтиёҷоти давлатӣ;

— дар масъалаҳои ба салоҳияташ дахлдор таҳия ва тасдиқ намудани тавсияҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва усулӣ оид ба кишоварзӣ, инчунин стандартҳои соҳа (бо қайди минбаъдаи давлатии онҳо мутобиқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);

— бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани ҳамоҳангсозии ташкил ва таъмини фаъолияти системаи комплексии мониторинги кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ;

— бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани ҳамоҳангсозии ташкил ва таъмини фаъолияти системаи комплексии мониторинги кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ;

— бо тартиби муқарраршуда иштирок дар ташкили захираи давлатии иттилоотӣ, ки маълумоти вазъи кишоварзӣ, захираҳои истғхсолӣ ва истифодаи онҳоро дар бар мегирад, инчунин иштирок дар ташкили системаҳои итилоотӣ;

— дар доираи салоҳияти худ иҷро намудани ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи кишоварзӣ, бо тартиби муқарраршуда бастани шартномаҳои байналмиллалӣ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— иштирок дар ҳалли масъалаҳои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ:

— мувофиқа намудани ҷойгиршавии хоҷагиҳои давлатӣ ва дигар иншооти давлатии таъиноти кишоварзӣ:

— расонидани кӯмаки техникию методӣ ба корхонаҳо, субъектҳои хоҷагидор дар бунё два парвариши ниҳолзорҳои муҳофизатии ҷангалӣ ва ташкили гармхонаҳо;

— иштирок дар системаи умумии доимоамалкунандаи тарбия ва маърифати кишоварзии аҳолӣ, ба роҳ мондани корҳои таблиғоти дониш дар соҳаи кишоварзии аҳолӣ, ба роҳ мондани корҳои таблиғотии дониш дар соҳаи кишоварзӣ бо дигар вазорату идораҳо, инчунин шаҳрвандон.

6. Вазорат мутобиқи ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда, иҷрои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо дар системаи ягонаи соҳаи кишоварзӣ;

— дархости ахбор аз вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, корхонаҳо ва хоҷагиҳо , мақомоти иҷроияи махаллии ҳокимияти давлати, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқу доир ба масълахои марбутва фаолияти худ мувофики тартиботимукарраргардида ;

— ҷихати халли масъалахои рушди сохаи кишоварзи ,таъсиси шӯрохои илми ,илмию техники ва дигар шурою комисияхо, колективхои мувакати илми(эчоди), гурухои ташхиси ва кори.

— ҷихати ҳалли масъалахои рушди соҳаи кишоварзи, таъсиси шӯроҳои илмӣ, илмию техникӣ ва дигар шӯрою комисияҳо, коллективҳо муввақатии илмӣ (эҷодӣ), гуруҳҳои ташхисӣ ва корӣ.

Ба макомоти дахлдори давлатӣ дахлдори давлатӣ пешниход намудани дархостхо барои маблағгузории татбики барномахои давлатӣ ва дигар манъбаъхои давлатӣ ва маблағгузории фаъолияти ғайритиҷоратии муассисахо ва ташкилотхои кишоварзи.,

— иштирок дар тахия ва ҳалли масъалахои маблағгузорӣ, қарздиҳӣ, андозбандӣ ва дигар масъалахои сохаи кшоварзӣ.

— гузаронидани аудит ва ба мақомоти молиявии дахлдор пешниҳод намудани хулосаҳо оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетии ҷудошудаи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тобеи Вазорат.

— бо татбиқи муқарраргардида муаррифи намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилали ва давлатҳои хориҷи оид ба масъалаҳои кишоварзи , бо мақомоти идораи истеҳсолоти кишоварзии давлатҳои хориҷи бастани шартномахои байнидоравӣ , анҷом додани муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ, амали намудани экспертизаи лоиҳаҳои инвестсиони ва шартномаҳо оид ба истеҳсолоти муштараки маҳсулоти кишоварзи;

— бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба ташкил, азнавташакилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳое, ки дар тобеи вазорат қарор доранд;

— дар доираи маблағҳои буҷетии ҷудошуда анҷом додани фармоишҳо барои иҷрои корҳои экспертӣ лоиҳакашӣ , илмию тадқиқотӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ;

— иштирок дар таҳия ва тасдиқи ҳисоботи давлатии омории соҳаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва пешниҳод кардани маълумот;

— амалӣ намудани дигар ваколатҳое,ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.

III. Фаъолияти ташкилӣ

7. Вазоратро бо тартиби муқарраргардида Вазир роҳбарӣ мекунад, ки ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи таъин ва аз вазифаи Вазир муовинҳо дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи таъин ва аз вазифа озод мекунад. Тақсими ӯҳдадориҳо байни муовинони Вазир бо фармони Вазир бо фармони Вазир анҷом дода мешавад.

8. Дар Вазорат ҳайати мушовара иборат аз Азир (раис) муовинони Вазир ва дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазир ташкил карда мешавад. Аъзои ҳайати мушовара ба ғайр аз Вазир тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармонҳои Вазир амалӣ карда мешаванд:

9. Вазир:

— барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида ва амалисозии сиёсати давлатии соҳа масъулияти шахсӣ ба ӯҳда дорад.

— роҳбарии умумии фаъолияти Вазоратро ба амал бароварда, кори онро ташкил медиҳад, ҷиҳати иҷрои корҳо фармон содир мекунад.

— доираи масъулияти муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказиро барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Вазорат вогузоргардида, муқарррар менамояд;

— низомномаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат раёсатҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инчунин оинномаҳои корхонаву муассисаҳо ки бо замимаи 4 тасдиқ шудаанд (ба истиснои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳурии «Тоҷикагролизинг») тасдиқ менамояд:

— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони хадамот, ки дар Нақшаи идоракунии Вазорат пешбинӣ шудаанд, инчунин Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таклиф пешниҳод менамояд.

— бо пешниҳоди роҳбарони хадамот аз ташкилотҳои системаи Вазорат, муовинони онҳо ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони мақомоти маҳаллии системаи худро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

— дар доираи шумораи кормандон, сохтор, фонди музди меҳнати кормандонро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарррар менамояд, инчунин ҷадвали воҳиди корӣ, сметаи хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Вазорат ва корхонаҳои тобеи худро тасдиқ мекунад:

— нақшаи кори ҳарсола, нишондиҳанда ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти сохторҳои ситемаи Вазорат, ташкилоту мақомоти вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мекунад;

— ҳайати мушовараро роҳбарӣ менамояд;

— кормандони шоистаро барои сарфароз гардонидан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида пешниҳод менамояд;

— дигар ваколатҳои барои Вазорат муқаррраргардидаро анҷом медиҳад:

10. Барои ҳалли масъалаҳои илмию техникӣ дар назди Вазорат, Шӯрои илмию техникӣ ташкил мешавад, ки роҳбарии Шӯро ба ӯҳдаи Вазир гузошта мешавад.

11. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи худ, бланкаҳо, мӯҳрҳо ва штмпҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

12. Суроғаи ҳуқуқии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ 5/1