Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣМуассисаҳои илмӣМДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»

МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ»

30.07.2023 4 480

Бо қарори Шӯрои иқтисодии Осиёи Миёна (САЭС) ва қарори Комиссариати халқии ҶШС Ӯзбекистон №3 аз 9 октябри соли 1928 дар шаҳри Хуҷанд техникуми хоҷагии деҳот таъсис ёфт ва аз 28 апрели соли 1929 баъди ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳшавии округи Хуҷанди ҶШС Ӯзбекистон номи омӯзишгоҳ техникуми марказии хоҷагии деҳоти Тоҷикистонро гирифт. Соли 1943 техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод, соли 1960 совхоз-техникуми ба номи В.И.Ленини ноҳияи Мастчоҳ, аз 1 августи соли 1993 совхоз-коллеҷи ноҳияи Мастчоҳ , аз соли 1998 коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти рақами 591 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» номбар карда мешавад.

Оинномаи МДТ «Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ» дар вазорати адлия санаи 19 сентябри соли 2007 таҳти рақами 004-595 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо фармони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2007 таҳти №67 тасдиқ карда шудааст.

 Қабули донишҷӯён тибқи иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳодатнома оиди аккредитатсияи давлатӣ ба шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

  • 2-740601.01- таъмини истифодабарии техникаи кишоварзӣ – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, шаҳодатномаи челонгари дараҷаи 3, тракторчии категорияи «А» «В», ронандаи автомобили категорияи «В» «С» ва дипломи техник-механик дода мешавад.
  • 2-740302- тибби байторӣ – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, шаҳодатномаи техник-осеменатор, дипломи фелдшери тиббӣ ва байтор дода мешавад.
  • 2-250135- ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, шаҳодатномаи ҳисобчӣ, оператори техникаи ҳисоббарор ва дипломи муҳосиб дода мешавад.
  • 2-740201- агрономӣ – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, шаҳодатномаи  устои зироаткор, тракторчии категорияи «А» «В» ва дипломи агроном зироатпарвар дода мешавад.
  • 2-740631.02 – таъмини барқии соҳаи кишоварзӣ – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, дипломи техник-электрик  дода мешавад.
  • 2-440101.32 – Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ – таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, дипломи техник доир ба ташкил ва идоракунӣ дода мешавад.
  • 2-560101 – Заминсозӣ - таҳсил аз ҳисоби буҷаи давлат ва шартномавӣ, дипломи техник-заминсоз дода мешавад.

Дар ҳама давра дар донишгоҳ хушбахтона ба кори таълиму тарбия шахсони лаёқатманду бомасъулият ва дилсӯз ба кори худ машғул буданд. Алалхусус, дар давоми сисолаи охир ин боигарии бебаҳои донишгоҳ боз ҳам ғанитар гардид. Дар соли таҳсили ҷорӣ теъдоди омӯзгорон 58 нафар буда 37 нафари онҳо омӯзгорони дараҷаи омӯзгори калон, 10 нафар ассистент-омӯзгор  ва 11 нафар коромӯз тадқиқотчӣ мебошанд. Аз ин шумора 18 нафар аълочиёни маориф, 1 нафар аълочии фарҳанг, 2 нафар корманди шоиста ва 3 нафар номзади илм мебошанд, ки ба таълиму тарбия машғуланд.

Омӯзгорони коллеҷ баҳри ривоҷи корҳои методӣ як зумра корҳои назаррасу феълан навро ба анҷом расониданд. Аз тарафи омӯзгорон 245 дастурҳои методӣ барои истифодабарӣ сохта шудаанд. Баҳри пурратар паҳн кардани маҳорати педагогӣ ҳар сол ҳадди ақал додани як дарси кушод ва 8-10 ташрифи дарсҳои ҳамдигарӣ барои ҳар як омӯзгор ба ҳукми анъана даромадааст. Иттиҳодияҳои методии фаннӣ имрӯзҳо 4 ададро ташкил медиҳанд ва ба онҳо омӯзгорони варзида сардорӣ мекунанд.

Коллеҷ барои пурра аз худ кардани барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи ихтисосҳо, алалхусус барои ихтисосҳои агрономӣ, фермерӣ, байторӣ, механиконии хоҷагии қишлоқ, муҳосибӣ тамоми шароитҳоро дорост. Дар коллеҷ 80 синфхона, аз ҷумла 34 кабинетҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд ва ба талаботи замони ҳозира пурра ҷавоб дода метавонанд. 

Кабинетҳои компютерӣ ба 4 адад расонида шудааст. Шумораи умумии компютерҳо дар синфхонаҳо 73 адад, принтерҳо 14 адад, проектор 10 адад, доскаи электронӣ 2 адад мебошанд. Инчунин барои забономӯзи 1 адад компютер ба синфхонаи забони англисӣ, 1 адад компютер барои синфхонаи байторӣ васл карда шудааст.  Дар  муассиса китобхонаи электронӣ мавҷуд мебошад ва дар он 15 адад компютери нав таҷҳизонида шуда, зиёда аз 600 адад китобҳои электронӣ мавҷуд мебошад, ки донишҷӯён бевосита истифода мебаранд. Воситаҳои техникие, ки дар утоқҳои корӣ мавҷуданд 14 адад компютер, 8 адад принтер, 1 адад сканер мебошанд.  

Дар устохонаи таълимӣ донишҷӯён касбҳои харротӣ, челонгарӣ, кафшергарӣ, таъмири трактору автомобилҳоро омӯхта, малака пайдо мекунанду ба иловаи маълумоти миёнаи касбӣ соҳиби касбҳои «Челонгар», «Кафшергар», «Ронандаи трактор», «Ронандаи автомобил» мегарданд. Бар илова донишҷӯён дар майдонҳои таълимию истеҳсолӣ, ки масоҳаташ 89,14 гектар мебошад, малакаи касбӣ пайдо мекунанд.

Муассиса фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоқикистон пеш мебарад. Нақшаҳои солонаи коллеҷро аз рӯи паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазорати кишоварзӣ ва вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор тартиб дода, тасдиқ намуда иҷро менамоянд.

Муассиса дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар, иттифоқҳои касаба, созмони ҷавонони ноҳия ва вилоят нисбати ҷавонон ғамхории хоса зоҳир намуда донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст таҳсил намударо бо хобгоҳ ва хуроки гарм таъмин менамояд. Донишҷӯёни ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бударо ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ дасгирӣ менамояд.