Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣФаъолият Парандапарварӣ

Парандапарварӣ

26.07.2023 4 676

Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2023

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар ҷумҳурӣ 228 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ин 101 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухм, 113 адад корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 6 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чандин корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ дидан ва ҳусни оғоз бахшиданд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 6 адад корхонаи нави парандапарварӣ аз қабили ҶДММ “Мурғи Бебаҳо”, ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон, ҶДММ “Анко-Инвест”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶДММ “Некбахт”-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ “Корвони паранда”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҶДММ “Тухми Соф”-и шаҳри Истаравшан, дар вилояти Хатлон 4 адад корхонаи нави парандапарварӣ:  ҶДММ “Танвин”, ҶДММ “Сақо” дар ноҳияи Кушониён ба истеҳсоли гӯшти паранда, дар шаҳри Левакант  ҶДММ “Парандаи хушзот” ба истеҳсоли тухми паранда ва дар ноҳияи Н.Хусрав ҶДММ “Ҳоҷӣ Ҳасан” ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки самти фаъолияташон асосан истеҳсоли гӯшти паранда мебошад.

Аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 132 адад ба вилояти Суғд, 33 адад ба вилояти Хатлон ва 63 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мансуб мебошанд.

Дар соли 2023 бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 55,3 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,8 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1223,7 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 млн дона зиёд мебошад.