Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣФаъолият Боғу токпарварӣ

Боғу токпарварӣ

11.08.2023 4 433

   Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

Дар ҷумҳурӣ майдони умумии боғу токзорҳо 204114,9 гектар буда, аз он токзор 39721,3 гектарро ташкил медиҳад.  Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 906,8 гектар боғ ва 117,4 гектар токзор бунёд намуданд, ки аз майдони умумии боғ 508,2 гектар ва токзор 110,9 гектар дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин буда, бунёд карда шудааст. Инчунин дар ин давра дар майдони 1300  гектар боғҳо ва 304,4 гектар токзор корҳои барқароркунӣ амалӣ карда шудааст.

Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВҶД “Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳолфурӯшӣ то давраи ҳисоботӣ ба миқдори 422240 бех ниҳолҳои гуногунро ба харидорон бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд.

Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ, аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ дар 91334 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтон, 97911 гектар башаклдарории дарахтон, 39429 гектар яхобмонӣ ва 48985 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани пайдошавии организмҳои зараррасон таъсири мусбии худро мерасонад.