АсосӣФаъолият Механикунонии кишоварзӣ

Механикунонии кишоварзӣ

26.07.2023 2 766

Рушди соҳаи механикунонии соҳаи кишоварзӣ

      Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои омори ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27623 адад тракторҳо, аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 10658 адад испорҳои тракторӣ, 8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3504 адад нармкунакҳо ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад.

      Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то имрӯз 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст. 

      Дар шаш моҳи соли 2023 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ ба 268 хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) 79 адад тракторҳои гуногунтамға ва 255 адад мошинолотҳои кишоварзиро ба маблағи 25581520 сомонӣ дар асоси дархосташон ҷудо намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 607901 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба 3736 нафар, ки аз курсҳои кутоҳмуддатӣ механизаторӣ гузаштанд, шаҳодатномаи “механизатор-мошинист” дода шуд.

      Аз рӯи нақшаи корӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон” 8 намуди кор ва ташхиси техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ корҳои озмоиши анҷом дода шуд.