Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣФаъолият Тухмипарварӣ

Тухмипарварӣ

26.07.2023 4 673

Рушди соҳаи тухмипарварӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №117 “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид ва Фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 12.05.2021, №70 оид ба Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба тавсиб расид.

Маблағи умумии Барнома 20070,0 ҳазор сомонир ташкил медиҳад, аз он 4532,0 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷет ва 15547,0 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои "Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" дар соли 2023 аз маблағҳои буҷетӣ 1132 ҳазор сомонӣ равона гардида, дар давоми сол пурра аз худ карда шуд.

Бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растанӣ соли ҷорӣ 10 навъи ҳосилнокиашон баланду ояндадор ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз он ҷумла 2 навъи пахтаи миёнанахи гуруҳи пешпаз “Данғара-30” ва “Қубодиён-30”, 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнап аз “Чжунтай-1” ва “Чжунтай-2”, 1 навъи гандум “Султон-3”, 1 навъи нахуд “Баҳор”, 1 навъи мушунг “Ҳисории пешпазак”, 1 навъи офтобпараст “Самаранок-40”, 1 навъи ҷуворимакка “Басирӣ”, 1 навъи батат “Шоҳин” минтақабоб карда шудаанд.

Дар соли 2023 54 навъу 1 дурагаи зироатҳои кишоварзӣ, 8 навъи дарахтони мевадиҳанда ва 3 дурагаи кирмаки пилла тибқи нақшаи корӣ дар 12-стансия ва 1-қитъаи давлатии навъсанҷӣ мавриди санҷиши расмӣ қарор дода шуданд.

Бо дарназардошти таъсири рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза ба амнияти озуқавории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, болоравии нархи тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ вазорат ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.12.2022, №100-Ф барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии хурд аз ҳисоби маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Осиёии Рушд тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла нахуд 54 тонна, лӯбиё 35,7 тонна, мош 71,4 тонна, наск 35,7 тонна, юнучқа 44,4 тонна ва картошкаи тухмӣ 1542 тонна харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас намуд.

Дар доираи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли 2024 тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили гандум 550 тонна, картошка 1050 тонна, ҷуворимакка 100 тонна, нахуд 96,8 тонна, зағири равғандиҳанда 58 тонна, пиёз 8,4 тонна, бодиринг 900 кг, помидор 120 кг ва нуриҳои минералӣ 5270 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир, бахусус хоҷагиҳои деҳқоние, ки занон роҳбарӣ мекунанд, дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта вазорат дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст, барои кишти соли 2023 ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна ва 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар доираи лоиҳаи Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ, барои кишти соли 2023 ҳамчун дастгирии давлатӣ ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гуруҳи элита ворид карда шуда, дар асоси шартномаи тарафайн барои такрористеҳсолкунӣ бо иловаи 382 тонна нуриҳои минералӣ ба 115 хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, маврид ба қайд аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ҳосили соли 2024 дар доираи лоиҳаи мазкур гандуми тухмии гуруҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна ва нуриҳои минералӣ 1250 тонна харидорӣ гардида, барои такрористеҳсолкунии тухмӣ ба хоҷагиҳо тақсим гардид.

Ҳамзамон, дар марҳилаи аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ як қатор техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунак, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта ва инчунин мошинолотҳои кишоварзӣ барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дастрас гардид.

Дар марҳилаи дуюми тақсимот санаи 22 декабри соли равон ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, аз ҷумла ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ 20 адад трактор, 4 адад испорҳои тракторӣ, 7 адад ядак, ба Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” 9 адад трактор, КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар” 11 адад  тракторҳои калон, 13 адад тракторҳои хурд ва 23 адад мошинолот ва таҷҳизоти кишоварзӣ, ба Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” 14 адад трактор, инчунин бухоркунандаи гардиши вакумӣ, рефрактометри универсалӣ, спектрофотометри УФ Вид, спектрометри ИК-Фурье ва барои пешгирии саривақтии мубориза бар зидди зараррасону касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо 10 тонна заҳрдоруҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” супорида шуд.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.12.2023 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тухмии ғалладонагиҳо 53802 тонна захира гардидааст, аз он 47049 тонна гандум, 1046 тонна шолӣ, дигар ғалладонагиҳо 4763 тонна, лӯбиёгиҳо 944 тонна, ҷуворимакка 1346 тонна, картошка 65915 тонна, сабзавот 52,1 тонна ва чигити тухмӣ 1322 захира гардидааст. Айни замон захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.

Захираи картошкаи тухмӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 168488 тоннаро ташкил дода, аз он репродуксияи якум 5749 тонна (3,4%), репродуксияи дуюм 5020 тонна (3,0%), репродуксияи сеюм 19710 тонна (11,7%) ва тухмии шартӣ 138009 тонна (81,9%) мебошад.

Аз тарафи КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон” соли 2023 60 тонна тухмии зағери равғандиҳанда аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва 2,4 тонна тухми пиёз аз дохили кишвар харидорӣ гардид, ки аз ин миқдор 23-тонна тухми зағери равғандиҳанда ва 1,1 тонна тухми пиёз ба хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.