Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти корӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Мулоқоти корӣ дар Вазорати кишоварзӣ

05.02.2020

06 феврали соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло Файзулло бо роҳбари Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Тоҷикистон Гучгелдиев Олег Таджмаметович мулоқоти корӣ доир намуданд.

Дар вохўри ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои тақвияти онро дар доираи лоиҳаҳои амалигардидаистодаи ниҳоди мазкур баррасӣ намуданд.

Қайд гардид, ки нақши ФАО дар Тоҷикистон барои самаранок амалӣ гардонидани самтҳои афзалиятноки Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 назаррас буда, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, тақвияти сохтори институтсионалӣ, мубориза бар зидди касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ФАО бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ ҳамкориҳоро бо Вазорати кишоварзӣ тақвият медиҳад.

Дар маҷмўъ, мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
тел: 235-38-63, Сомона: www.moa.tj