Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПресс-релиз 10.02.2019

Пресс-релиз 10.02.2019

09.02.2020


Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи
кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем.
Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму
техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 82,64 га дар он кишти сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 48,32 га, бодиринг 20,57 га ва дигар намуди сабзавотҳо 13,75 га ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 18,42 га зиёд мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То санаи 07.02.2020 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 255,4 тонна помидор, 59,4 тонна бодиринг ва 72,4 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 387,2 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намуда истодааст.

Бунёди боғу токзор

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо меваҳои тару тоза, санаотро бо ашёи хом, дар афзун намудани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2913 га бунёди боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардида, то санаи 07.02.2020 304 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 10,4%-и фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, 154 га боғ ва 150 га токзор мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорҳои навро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд.

Бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии ҳаргуна касаливу зараррасонҳо дар боғу токзор дар давраи зимистону аввали фасли баҳор бо тавсияи мутахассисони соҳа хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 31318 га коркарди байни қаторҳои боғу токзор, 29484 га шаклдарории дарахтон ва нармкунии бехи онҳо, дар майдони 22354 га яхобмонӣ ва дар майдони 7924 га коркарди кимиёвии боғу токзор гузаронида шуд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Имрўзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ босуръат идома дошта, Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2020 майдони 168877 га кишти тирамоҳии зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 109%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумотҳо то санаи 07.02.2020 дар ҷумҳурӣ майдони 7870 га (7%) кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ, 4433 га (69%) кишти картошкаи барвақтӣ, 15726 га (102%) кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст.

Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти зироатҳои кишоварзӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ситоди корӣ таъсис дода, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Рафти шудгори заминҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дурнамои шудгори заминҳо дар ҷумҳурӣ майдони 609645 гектарро ташкил дода, то санаи 07.02.2020 майдони 541024 га шудгор гузаронида шудааст, ки 89%-и иҷроиши дурнамо мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз рўзҳои мусоид самаранок истифода намуда, шудгори заминҳоро вусъат бахшида истодаанд. Дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон майдони 307945 гектарро ташкил дода, иҷроиш 292228 га (95%), вилояти Суғд 207339 га иҷроиш 175839 га (85%), ВМКБ 7082 га иҷроиш 3860 га (55%) ва дурнамои шудгори заминҳо дар НТҶ бошад 87279 гектарро ташкил дода, 69097 га шудгор карда шудааст, ки 79%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ин маъракаи муҳим 21048 адад тракторҳои гуногунтамға омодаи кор буда, 6070 адади он ба корҳои саҳроӣ сафарбар карда шудааст. 

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

Пешбурди соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати коршоямӣ ва дастрасии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2019 ба ҷумҳурӣ 1189 техника ва мошинолоти муосири кишоварзӣ аз қабили тракторҳо 430 адад, комбайни ғалладаравӣ 5, комбайни алафдаравӣ 5, испори тракторӣ 66, ядаки тракторӣ 1, картошкашинонак 16, картошкаканак 20, култиватори картошка 17, тухмипошаки пахта 30, дорупошаки тракторӣ 83, тойбанду-тагрезчин 26, коҳҷамкунак 9, култиватори пахта 30, алафдаравак 96, тухмипошаки пиёз 1, култиватор 27, комбайни силосҷамъкунӣ 2, тухмитозакунак 4, гандумкўбак 16, граблӣ 4, алафдаравак КИР-1,5 16, мотоблок 85, тухмипошаки универсалӣ 2 ва инчунин теникаҳои ёрирасони кишоварзӣ 198 адад ворид гардидааст, ки барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар саҳро ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот
тел: 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.