Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 02.06.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 02.06.2023

05.06.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 440073 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 113761 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 43150 гектар, ҷав 38895 гектар, ҷуворимакка барои дон 11990 гектар, зироатҳои техникӣ 203148 гектар, аз он пахта 180349 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22560 гектар, полизӣ 18525 гектар, картошака 34968 гектар, сабзавот 40365 гектар, пиёз 16928 гектар, сабзӣ 4834 гектар, карам 1794 гектар, помидор 8008 гектар, бодаринг 3956 гектар, дигар сабзавотҳо 4846 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 29306 гектар кишт карда шуд.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 02.06.2023 ҳамагӣ дар майдони 821 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 748 гектар, аз он боғи интенсивӣ 6,3 гектар, токзори нав 73 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1643 гектар аз он боғ 1350 гектар ва токзор 293 гектарро дар бар мегирад.

Инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ оид ба инкишофи пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 180283 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54299 гектар, Хатлон 123202 гектар ва НТҶ дар майдони 2782 гектар кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони умумии киштшуда 173785 гектар пурра инкишоф ёфта, 116034 гектар озуқадиҳӣ ва 122922 гектар ягонакуниро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 34968  гектар картошка кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 2827 гектар буда, ҳосилнокӣ 366 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 40365 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 12010 гектар буда, ҳосили умумӣ 385322 тонна ва ҳосилнокӣ 321 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 269688 тонна, карам 19921 тонна, помидор 9622 тонна, бодаринг 26263 тонна, сабзӣ 38421 тонна ва дигар сабзавотҳо 21407 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии ҷумҳурӣ ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 18525 гектар полизӣ кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 442 гектар буда, ҳосилнокӣ 263 сентнер ва ҳосили умумӣ 11611 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 02.06.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 19092 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 02.06.2023 дар майдони 290873 гектар кишти ғалладонагиҳо, аз он гандум 203547 гектар гузаронида шудааст.

Ғалладонагиҳо ба майдони 26840 гектар даравида, ҳосилнокӣ 41 сентнер, аз он гандум 21872 гектар даравида, ҳосилнокӣ 42 сентнерро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.06.2023 ҳамагӣ майдони киштшуда 1455 гектар мебошад, ки аз он помидор 543 гектар, бодиринг 589 гектар, дигар сабзавотҳо 323 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 15444 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 98 тонна, бодиринг 105 тонна ва дигар сабзавотҳо 122 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 02.06.2023 майдони кишт 122,0 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,4 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1784 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 835,1 тонна, бодиринг 357,6 тонна ва дигар сабзавотҳо 591,2 тонна мебошад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.05.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 709 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 346 адад, комбайи ғалладаравӣ 3 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ16 адад, испори тракторӣ 48 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 1 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 90 адад, боркунак 28 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 8 ададро ташкил медиҳад. 

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28669 адад техникаҳо  гуногунтамға мавҷуд буда, 73%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27419 адад, аз он 1512 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байниқаторӣ, 20052 адад нақлиётӣ, 1101 адад комбайни ғалладарав, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28685 адад буда, аз он 10701 адад испорҳои тракторӣ,  8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2409 адад тухмипошакҳо аз он: 1954 адад тухмипошакҳои пахта, 1560 адад достҳои тракторӣ, 879 адад тойбанду тагрезчин, 500 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23