Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён

29.05.2023

Санаи 26 майи соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид. Дар мулоқот Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикитсон Нуралӣ Асозода, олимону мутахассисони соҳа, устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал меҳмонон аз дастовардҳои донишгоҳ, ки дар саҳни он ба намоиш гузошта шуда буд дидан намуданд.
Сипас дар маҷлисгоҳи донишгоҳи мазкур Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон суханронӣ намуданд. Дар баромад қайд карда шуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, инчунин таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ нақши соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок ва пешбаранда ба ҳисоб рафта, амалигардонии рушди устувори соҳа аз тахассуснокӣ ва касбияти мутахассисон, сатҳи донишу малака ва фаъолияти онҳо вобастагии калон дорад. Мазҳ дар ҷумҳурӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони касбии ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯи самтҳои гуногуни комплекси агросаноатӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият дошта, давоми 92 соли фаъолияташ ба як боргоҳи бузурги омодасозии мутахассисони соҳа ва табдил ёфта, саҳми арзанда дорад.
Инчунин дар мулоқот олимону мутахассисон дар мулоқот ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон пешниҳоду андешаҳои худро нисбат ба пешрафту тараққиёти соҳа иброз намуданд.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур беш аз 56320 нафар ва танҳо дар солҳои соҳибистиқлолии Ватани азизамон беш аз 42976 нафар мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ тарбия ва соҳибкасб гардида, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар кору фаъолият доранд. Имрӯз бошад донишгоҳ аз рӯйи 53 ихтисос бакалавр, 1 ихтисос мутахассис, 35 ихтисос магистр ва 27 ихтисос доктор PhD соҳибкасбонро омода мекунад. Ҳоло бошад дар донишгоҳ 10 факултет мавҷуд аст, ки дар онҳо 51 кафедра, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 8 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 нафар доктори илм, 55 нафар профессор, 144 нафар номзади илм ва 190 омўзгор барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ содиқона меҳнат карда истодаанд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон