Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveГузориши матбуотӣ ба санаи 26.05.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 26.05.2023

29.05.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 433341 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 111558 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 42704 гектар, ҷав 38852 гектар, ҷуворимакка барои дон 11595 гектар, зироатҳои техникӣ 202914 гектар, аз он пахта 180278 гектар, зироатҳои равғандеҳ 22397 гектар, полизӣ 18131 гектар, картошака 31850 гектар, сабзавот 39842 гектар, пиёз 16878 гектар, сабзӣ 4755 гектар, карам 1765 гектар, помидор 7741 гектар, бодаринг 3931 гектар  ва дигар сабзавотҳо 4773 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 29046 гектар кишт карда шуд.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 26.05.2023 ҳамагӣ дар майдони 821 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 748 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 73 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1643 гектар аз боғ 1350 гектар ва токзор 293 гектарро дар бар мегирад.

Кишт, инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотњои Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 180278 гектар пахта кишт шудааст.

Аз он дар вилоятҳои Суғд 54294 гектар, Хатлон 123202 гектар ва НТҶ дар майдони 2782га кишт гузаронида шудааст.

Аз майдони киштшуда 145727 пурра инкишоф ёфта, майдони боқимондаи кишт вобаста ба маҳал ва вақти кишти он дар инкишоф буда, озуқадиҳӣ 84151 гектар, ягонакунӣ 100219 гектар, чорабиниҳои агротехникӣ, 168079 гектарро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 31850 гектар картошка кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 2199 гектар буда, ҳосилнокӣ 169 сентнерро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 39842 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 10344 гектар буда, ҳосили умумӣ 331535 тонна ва ҳосилнокӣ 321 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 228352 тонна, карам 19715 тонна, помидор 8664 тонна, бодаринг 20325 тонна, сабзӣ 36115 тонна ва дигар сабзавотҳо 18364 тонна мебошад.

Рафти ҷамъоварии полезиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 18131 гектар полизӣ кишт карда шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 432 гектар буда, ҳосилнокӣ 269 сентнер ва ҳосили умумӣ 11621 тоннаро ташкил медиҳад.

Рафти ҷамъоварии мевагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Ба ҳолати 26.05.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 12329 тоннаро ташкил медиҳад. 

Рафти ҷамъоварии гандум дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ ҷумҳурӣ ба ҳолати 26.05.2023 дар майдони 203101 гектар барои ҳосили соли 2023 кишти гандуми тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронида шудааст.

Майдони ҷамъоваришуда 13399 гектар буда, ҳосилнокӣ 43,8 сентнерро ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.05.2023 майдони кишт 122,0 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,4 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1784 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 835,1 тонна, бодиринг 357,6 тонна ва дигар сабзавотҳо 591,2 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.05.2023 ҳамагӣ майдони киштшуда 1455 гектар мебошад, ки аз он помидор 543 гектар, бодиринг 589 гектар, дигар сабзавотҳо 323 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 15444 тонна сабзавот аз гармхонаҳои мавсимӣ истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 98 тонна, бодиринг 105 тонна ва дигар сабзавотҳо 122 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба санаи 22.05.2023  394687 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34623 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 91 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.05.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 709 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 346 адад, комбайи ғалладаравӣ 3 адад, мошини шолишинонӣ 2 адад, ядакҳои тракторӣ16 адад, испори тракторӣ 48 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 1 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, дости тракторҳои хурди дастӣ 98 адад, дискмола 1 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 90 адад, боркунак 28 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 8 ададро ташкил медиҳад. 

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 28669 адад техникаҳо  гуногунтамға мавҷуд буда, 73%-и он омодаи кор мебошад. Тракторҳо 27419 адад, аз он 1512 адад тракторҳои шудгоркунанда, 5855 адад байниқаторӣ, 20052 адад нақлиётӣ, 1101 адад комбайни ғалладарав, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, мошинолотҳо 28685 адад буда, аз он 10701 адад испорҳои тракторӣ,  8535 адад ядакҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2409 адад тухмипошакҳо аз он: 1954 адад тухмипошакҳои пахта, 1560 адад достҳои тракторӣ, 879 адад тойбанду тагрезчин, 500 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23