Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБайни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Харитаи роҳ ба имзо расонида шуд.

Байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Харитаи роҳ ба имзо расонида шуд.

05.05.2023

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 4 май Харитаи роҳ оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2023 – 2025 аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон Карашукеев Ербол Ширакпаевич ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон