Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 05.05.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 05.05.2023

07.05.2023

Рафти кишти зироатҳои баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 05.05.2023 дар майдони 398388 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст. Дар майдони 99234 гектар ғалладонагиҳо, аз он гандум 39597 гектар, ҷав 38526 гектар, ҷуворимакка барои дон 10944,3 гектар, зироатҳои техникӣ 198640 гектар, аз он пахта 177569 гектар, зироатҳои равғандеҳ 20832 гектар, полизӣ 15376 гектар, картошака 23440 гектар, сабзавот 37031 гектар, пиёз 16793 гектар, сабзӣ 4621 гектар, карам 1651 гектар, помидор 6341 гектар, бодаринг 3615 гектар  ва дигар сабзавотҳо 4010 гектар, зироатҳои хӯроки чорво 24666 гектар кишт карда шуд.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотњои Раёсати растанипарварӣ оид ба рафти кишти пахта мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.05.2023 дар майдони 177569 гектар пахта кишт шудааст, ки 95,5 фоизи иҷроро ташкил медиҳад. Аз он дар вилоятҳои Суғд 51843 гектар, Хатлон 123202 гектар ва НТҶ дар майдони 2533 гектар кишт гузаронида шудааст.

Бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳо

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 05.05.2023 ҳамагӣ дар майдони 769 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғи нав 698 гектар, аз он боғҳои интенсивӣ 6,3 гектар, токзор 72 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1464 гектар аз боғ 1292 гектар ва токзор 172 гектарро дар бар мегирад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 05.05.2023 майдони умумии кишт 164 гектар, майдони кишт 121,8 гектар мебошад, ки аз он помидор 63,0 гектар, бодиринг 24,1 гектар, дигар сабзавотҳо 34,2 гектар ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 1475 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 584 тонна, бодиринг 387 тонна ва дигар сабзавотҳо 504,1 тонна мебошад.

Инчунин дар гармхонаҳои мавсимӣ ба ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба майдони умумии 1452,6 гектар, аз он помидор 543 гектар, бодиринг 588,5 гектар, дигар сабзавотҳо 321 гектар ва майдони парвариши кучат 2,04  гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра хоҷагиҳо ба миқдори 3298,5 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 882 тонна, бодиринг 1445 тонна ва дигар сабзавотҳо 971,1 тонна мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат оид ба наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ ба санаи 05.05.2023  373929 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27581 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 87 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.04.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 457 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 259 адад, омбайи ғалладаравӣ 3 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 30 адад, тухмпошаки пахта 15 адад, гандумкубак 15 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 69 адад, боркунак 23 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 7 ададро ташкил медиҳад. 

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.04.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27448 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1514 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1101 адад комбайни ғалладарав, 8550 адад ядакҳои тракторӣ, 10702 адад испорҳои тракторӣ, 3513 адад култиваторҳо, 2410 адад тухмипошакҳо аз он: 1955 адад тухмипошакҳои пахта, 1561 адад достҳои тракторӣ, 879 адад тойбанду тагрезчин, 133 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 500 адад картошкаканакҳо, 216 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 338 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23