Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБаргузории Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.04.2023

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Санаи 15 апрели соли равон ҷаласаи  васеи ҳайати мушовара дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа  дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур баргузор шуд.

Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, Раиси Кумитаи Марказии Иттифоқҳои касабаи комплекси агросаноатӣ Сафаров Миралӣ Сафарович, муовини аввал ва муовинони вазир, Президенти АИКТ, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, сардорони раёсат, шуъбаву бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеъ, , роҳбарони Институтҳои АИКТ, намояндагони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва сардорони сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон, сардорони раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои алоҳида иштирок намуданд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Вазири кишоварзӣ муҳтарам Қурбон Ҳакимзода оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа  аз ҷониби муовини якуми Вазир Мирзозода М.Б. гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.

Инчунин роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат, сардорони сарраёсатҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои алоҳида оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.

Аз ҷониби Вазири кишоварзӣ муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуда, баҳри иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Маркази матбуот ва иттилооти  

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон