Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоИштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили Ҷашни Наврӯзи ноҳияи Нуробод

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили Ҷашни Наврӯзи ноҳияи Нуробод

22.03.2023

Санаи 21 марти соли равон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Ҷашни Наврӯзи байналмилал таҷлил карда шуд.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон аз растаҳои ороста дидан намуда, дар чорабинии расмӣ ҳамагонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазоворонаи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолии мамлакат, бунёду аз навсозии иншоотҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳҳо, сафарбар кардани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон, об, бадаст овардани ҳосили фаровони зироатҳо ва дигар масъалаҳо андешаҳои худро иброз сохтанд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон