Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати минтақаи Олтойи Федератсияи Россия

Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати минтақаи Олтойи Федератсияи Россия

03.03.2023

Санаи 3 марти соли равон мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо муовини Раиси Ҳукумати минтақаи Олтойи Федератсияи Россия Степаненко Игор Сергеевич баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти воридоти техникаи кишоварзӣ минтақаи Олтойи Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон