Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоОмодагии техникаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

Омодагии техникаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд

27.02.2023

Санаи 27 феврали соли равон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд қабули техникаҳои кишоварзӣ, роҳсозӣ ва мелиоративӣ ба кишти баҳории соли 2023 баргузор гардид, ки дар намоиши мазкур муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, сардори БНДТКВКҶТ Хомидов Шарифҷон, муовини директори КВДҶ "Тоҷикагролизинг" Ботур Муминов ва кормандони назорати давлатии техникаи кишоварзӣ вилоят ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо дар назди ҳозирин баромад карда, вобаста ба самти соҳаи кишоварзӣ ва мақсаднок истифода кардани замин, ба сифат гузаронидани шудгор ва гузаронидани кишти зироатҳо, дастрас кардани техникаҳои кишоварзӣ тавассути лизингӣ бо назардошти имтиёзҳои пешбинишуда, риояи ҳатмии структураи кишт, истифодаи тухмиҳои аълосифат ва агрохимикатҳо, инчунин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои ба масъулин ва кишоварзон дода шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан, муовини Раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо ва муовини якуми директори КВДҶ "Тоҷикагролизинг" Ботур Маҳмудов дар сӯҳбат бо кишоварзон ва механизаторон ҷиҳати омодагии пурраи техникаҳои кишоварзӣ барои кишти баҳории соли 2023, вусъат бахшидани корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд намуд, ки бояд ҳарчӣ зудтар корҳои саҳроиро оғоз намоянд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар шаҳри Истаравшан 646 адад техникаҳои кишоварзӣ, сохтмонӣ ва мелиоративӣ мавҷуд буда, то ин давра 617 адад техникаҳо омодаи кор мебошанд, ки ин нишондиҳанда 95%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҷамъбаст як қатор роҳбарон, фаъолон ва механизаторон бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон