Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveГузориши матбуотӣ 24.02.2023

Гузориши матбуотӣ 24.02.2023

27.02.2023

 

“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

 Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 605483 гектар шудгор гузаронида шавад. Ба ҳолати 24.02.2023 майдони 539694 гектар  шудгор карда шуда, мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. То имрӯз дар майдони 13116 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронида шуд. Аз он ҷумла, гандум 8948 гектар, ҷав 2871 гектар, картошаки барвақтӣ 4163,8 гектар, сабзавоти барвақтӣ 16887 гектар: аз он пиёзи барвақтӣ 12137 гектар, сабзии барвақтӣ 2165 гектар, карами барвақтӣ 1128 ва дигар сабзавотҳо 1456 гектар кишт карда шуд.

“Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумоти маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 24.02.2023 ҳамагӣ дар майдони 25,4 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он боғ 23,1 гектар, токзор 2,3 гектар буда, боғҳои интенсивӣ 1,3 гектар ва барқароркунии боғу токзори куҳна 1715 гектарро дар бар мегирад.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 24.02.2023 корҳои агротехникӣ дар майдони умумии 290403 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 36293 гектар яхобмонии боғу токзор, 46518 гектар обёрии захиравии заминҳои кушод, 159649 гектар коркарди байни қаторҳо, 37884 гектар буриши навдаҳо ва 10059 гектарро коркарди кимиёвӣ ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда. 

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 24.02.2023 майдони умумии кишт 99,5 буда, аз он помидор 46,2 гектар, бодиринг 20,3 гектар ва дигар сабзавотҳо 33,0 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 752,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 445,9 тонна, бодиринг 43,8  тонна ва дигар сабзавотҳо 262,8 тонна мебошад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ. 

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.02.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 198 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 96 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 10 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 29 адад, боркунак 14 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 2 ададро ташкил медиҳад.  

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.02.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27296 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1098 адад комбайни ғалладарав, 8642 адад ядакҳои тракторӣ, 10468 адад испорҳои тракторӣ, 3361 адад култиваторҳо, 2285 адад тухмипошакҳо аз он: 1860 адад тухмипошакҳои пахта, 1545 адад достҳои тракторӣ, 834 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 496 адад картошкаканакҳо, 200 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 317 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

 

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23