Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Мулоқоти муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

24.02.2023

Дар доираи Конфронси сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об” санаи 23 феврали соли равон дар шаҳри Рим мулоқоти муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ хонум Тери Хакала баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои кунунӣ ва дурнамои густариши ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи кишоварзӣ, зарурати таҳия ва татбиқи барномаҳои муштаракаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулотҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди марказҳои логистикӣ, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ, рушди обёрӣ, табодули таҷрибаи кишоварзон ва таъмини амнияти озуқавориро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

--