Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейИштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланди Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо

24.02.2023

Санаи 23 феврали соли равон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода дар маросими ифтитоҳи Конфронси сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об", дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия иштирок намудаданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабиниҳои гуногун, мулоқоту вохӯриҳо дар доираи Конфронси сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об", санаҳои 22-24 феврали 2023 баргузор гардида истодааст.
Дар ифтитоҳи Конфронс муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, робитаҳои байналмилалӣ, муҳити зист ва амнияти энергетикии Италия, роҳбарияти вазоратҳои кишоварзӣ, захираҳои табиӣ, об ва муҳити кишварҳои Осиёи Марказӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода, Намояндаи вижаи ИА дар Осиёи Марказӣ хонум Терҳи Ҳакала, роҳбари Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ Умед Назаров, мудири иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Зафар Маҳмудов ва коршиносону роҳбарони ниҳодҳои соҳавии Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар суханронии худ муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода мавқеи кишварро оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Платформаи Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ, аз ҷумла стратегияву барномаҳои соҳавии кишвар, инчунин андешидани чораҳои фавриву муосир ба мақсади пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолии ҷаҳон, маблағгузории нокифоя, идораи захираҳои об ва ғайра дар минтақа муаррифӣ кард.
Дар ин росто қайд гардид, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун василаи ҳалли мушкилоти глобалӣ барои андешидани чораҳои мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Дар конфронс иштирокдорон дастовардҳо ва татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда тибқи натиҷаҳои нишасти қаблӣ дар соли 2019 ва фаъолияти абзорҳои муштараки Платформаи Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ “Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об”, гурӯҳҳои корӣ оид ба муҳити зист ва тағирёбии иқлим ва масъалаҳои авлавиятноки мавриди назарро баррасӣ карда, зарурати таҳия ва амалисозии барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, захираҳои об, обёрӣ, иқтисодиёту нерӯи сабз ва самтҳои фарогири кишоварзиро таъкид карданд.
Роҳбарияти ҳайати Иттиҳоди Аврупо ва кишвари мизбон аҳаммияти раванди тадорукот ва натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, дар густариши ҳамкориҳои баъдӣ ва пешгирӣ аз пайомадҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва ғайраро махсус таъкид карданд.
Маросими ифтитоҳии нишаст бо қабули санади ниҳоии Конфронси сатҳи баланди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист ва об ба охир расид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон