Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея

23.02.2023

Санаи 23 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок доир гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба рушду имкониятҳои соҳа маълумот дода, ҷиҳати ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд гардид, ки дар оянда ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти истифодаи тухмиҳои хушсифат, техникаи кишоварӣ, ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи кореягӣ, таҳсили донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Корея, омӯзиши мутахассисон ба роҳ монда шавад.
Сафири фалқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донгсок соҳаи кишоварзиро дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъда дар доираи Лоиҳаҳо ҳавасмандии Ҷумҳурии Кореяро иброз намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати батанзимдарории ҳамкориҳои судманда минбаъда ба имзо расонидани Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Кореяро мувофиқи мақсад шумориданд.
Маркази матбуот ва итилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон