Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон

18.02.2023

Санаи 17 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Директор Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никалай Никулин Никалавич баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка ва пиёзи барвақтӣ, сабзавоту меваҷотҳо ва меваи хушк, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад маълумот дод.
Директор Бонки рушди Авруосиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Никалай Н.Н. ҳавасмандии хешро ҷиҳати содироти сабзавоту меваҷотҳо ва меваи хушки дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба дигар мамлакатҳо, бунёди марказҳои логистикӣ барои ҷамъоварии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва банду басти он, ҳалли масъалаҳои ҳамлу нақл тариқи мамлакатҳои дигар, дастгирии хоҷагиҳои фермерӣ ва соҳибкорони хурду миёна, оиди ҳамкориҳо дар самти техникаи кишоварзӣ хусусан бо КВДҶ “Тоҷикагролизинг” ва барои амалӣ намудани нақшаҳо дастгирӣ ва маблағгузории Бонки рушди Авруосиёро ба маблағи 50 миллион доллар ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рӯзҳои наздик дар вилояҳои Хатлону Суғд ташкили мулоқот бо хоҷагиҳо ва соҳибкорони хурду миёна баргузор карда шавад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон