Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 10.02.2023

Гузориши матбуотӣ ба санаи 10.02.2023

13.02.2023

“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

 Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 605483 гектар шудгор гузаронида шавад. Ба ҳолати 10.02.2023 майдони 520156 гектар  шудгор карда шуда, мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 дар майдони 176909 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва дар майдони 5245 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронида шуд. Аз он ҷумла, гандум 4378 гектар, ҷав 517 гектар, картошаки барвақтӣ 2636 гектар, сабзавоти барвақтӣ 15553 гектар: аз он пиёзи барвақтӣ 11090 гектар, сабзии барвақтӣ 1985 гектар, карами барвақтӣ 1076 ва дигар сабзавотҳо 1401 гектар кишт карда шуд.

 “Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”

Дар асоси маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2023 ҳамагӣ дар майдони 2525 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он боғ 2298 гектар, токзор 227 гектар буда, боғҳои интенсивӣ 151  гектар ва барқароркунии боғу токзори куҳна 1715 гектарро дар бар мегирад.

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат ба ҳолати 10.02.2023 корҳои агротехникӣ дар майдони умумии 128694 гектар гузаронида шудааст, ки аз он 33466 гектар яхобмонии боғу токзор, 45230 гектар обёрии захиравии заминҳои кушод, 22345 гектар коркарди байни қаторҳо, 23227 гектар буриши навдаҳо ва 4426 гектарро коркарди кимиёвӣ ташкил медиҳад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 10.02.2023 майдони умумии кишт 99,5 буда, аз он помидор 46,2 гектар, бодиринг 20,3 гектар ва дигар сабзавотҳо 33,0 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 752,5 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 445,9 тонна, бодиринг 43,8  тонна ва дигар сабзавотҳо 262,8 тонна мебошад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ.

 Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.02.2023 воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 198 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 96 адад, испори тракторӣ 47 адад, тойбанду тагрезчин 10 адад, техникаҳои ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла, экскватор 29 адад, боркунак 14 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 2 ададро ташкил медиҳад.  

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.02.2023 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27296 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 75%-и он омодаи кор мебошад. Аз он 1529 адад тракторҳои шудгоркунанда, 1098 адад комбайни ғалладарав, 8642 адад ядакҳои тракторӣ, 10468 адад испорҳои тракторӣ, 3361 адад култиваторҳо, 2285 адад тухмипошакҳо аз он: 1860 адад тухмипошакҳои пахта, 1545 адад достҳои тракторӣ, 834 адад тойбанду тагрезчин, 135 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 17 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 496 адад картошкаканакҳо, 200 адад картошкашинонакҳо, 34 адад мошини пахтачинӣ ва 317 адад алафҷамъкунакҳо ташкил медиҳанд.

 

Маркази  матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел: 2-35-39-23