Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоБоздид аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Боздид аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд

11.02.2023

Санаи 10 феврали соли равон Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023 оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ баён намуданд ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи сафари корӣ аз ҳолати рафти корҳо дар самти омодагӣ ба кишти зироатҳо, коркарди боғу токзорҳо, омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ва техникаҳои кишоварзӣ дидан намуданд.
Зимни мулоқоту вохӯриҳо Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба тамоми масъулини соҳаҳои хоҷагии қишлоқи ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки обу замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат, омодасозии техникаҳои кишоварзӣ, бунёду барқарорсозӣ ва коркарди боғу токзорҳо, риояи тамоми талаботҳои агротехникии зироатҳо ва ба даст овардани ҳосили фаровон, ноил гаштан ба яке аз ҳатафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза, бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати зиёд намудани кишти картошка, пиёз ва сабзӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон