Связаться с нами: +992 783-99-88-77
    ГлавнаяНовостиАрхив новостейМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон

03.02.2023

Санаи 03 феврали соли 2023 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ҳамоҳангсози барномаҳо-намояндаи Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон Ибраҳим Эрбир баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Намояндаи Агентии Туркия Ибраҳим Эрбир ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бунёди корхонаи хурди банду басти мева, омӯзиши мутахассисони соҳа, ташкили қитъаҳои озмоишӣ, бордоркунии сунъӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳа ва амали намудани таҷрибаи рушдёфтаи Туркия дар Тоҷикистон баён намуд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва амали намудани лоиҳаҳо изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун аз ҷумла, ташкили озмоишгоҳи бордоркунии сунъии занбуриасал дар Донишгоҳи аргарии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишоварзони Туркия, воридоти чигит, тухми картошка ва дигар зироатҳо дар ҳамкорӣ Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон саривақт аламӣ карда шавад.
Дар фарҷом ҷонибҳо ҳавасмадии хешро ҷиҳати баррасии саривақтии лоиҳаҳои дар оянда амалишаванда баён намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон