Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид.
Санаи 24 ноябри соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ кулли кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар суханронии худ оид ба давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон ва суннатҳои қадимаи аҷдодон соҳиби парчам буданро зикр намуд. Ҳамзамон бо шарофати ба Истиқлолияти давлатӣ расидан ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар кард.
Инчунин Сардори Шуъбаи матбуот ва иттилоот дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд.
Маркази матбуот ва ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон