Contact us: +992 783-99-88-77
    HomeNewsNews archiveМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.11.2022

Санаи 22 ноябри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Эрик Овусу Боатенг – Сафири Фавқулодда ва Мухтори Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷомат дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақваяти ҳамкориҳои минбаъда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гана дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишварзии Гана доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» таҳия гардида, пешниҳод карда шавад.
Инчуннин тарафайн зарур шумориданд, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои дақиқи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳо гурўҳи кории муштарак таъсис дода, ҷаласаҳои он мунтазам баргузор карда шаванд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон