Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоТашрифи Вазири кишоварзӣ ба ташкилотҳои зертобе

Ташрифи Вазири кишоварзӣ ба ташкилотҳои зертобе

01.12.2020

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъи кунунии ташкилотҳои зертобе ба як чанда муассисаҳо ташриф овард. Дар ин бозбинӣ вазирро муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода С.Ғ., сардори Шуъбаи матбуот ва иттилоот Саидов К.М. ҳамроҳӣ намудаанд.
Нахуст, аз Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дидан намуданд. Вазъи шароити лабараторияҳои озмоишӣ ва захираи маҳлулҳои химикунонии муассиса, фаъолияти мутахассисони соҳа ва омилҳои муосири муҳофизати растаниҳо таваҷҷуҳи вазирро бештар ҷалб мекард. Бо ҳар як мутахассиси соҳа дар ҷои фаъолият машварат намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани кори лабараторияҳои озмоишӣ, таҳлили маҳлулҳои химикие, ки ба Тоҷикистон ворид мегарданд, беҳтар намудани шароити корӣ дар муассиса дастуру супоришҳо мушаххас дода шуд.
Сипас, аз Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” боздид ба амал оварданд. Вазир, аз омодагиҳо ба давраи безераргардонии маконҳое, ки дар он ҷо эҳтимоли тухмгузории малах аст, консерватсияи техника, маҳлулҳои безарагардонӣ, ҷалби лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қувваи корӣ пурсуҷӯ намуданд. Баъдан бо кормандони муассиса дар толори машваратӣ вохӯрда доир ба малакаи корбарӣ дар самти мубориза бар зидди малах дар шароити Тоҷикистон машварат намуданд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Мадад” аз шароити буду бош, давраи зимистонгузаронӣ ва фаъолияти корхона пурсон шуданд. Маълум гардид, як теъдоди коргаронро ҷавонон ташкил медиҳад. Бо ҳар яки он рӯ ба рӯ суҳбат гузаронида оид ба баланд бардоштани тахассус, азбаркунии донишҳои нави соҳавӣ ва омӯзиши таҷрибаи мутахассисони касбӣ тавсияҳо дода шуд.
Ёдовар мегардем, ки бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо шарту шароити кормандони ташкилотҳои зертобеи вазорат Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. аз Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъи ва хариду фурӯши чорвои зотӣ, Муассисаи давлатии «Стансияи ҷумҳуриявии меъёриву таҳқиқотии меҳнат», Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ намуда буданд.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ