Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоПРЕСС-РЕЛИЗ 27.04.2020

ПРЕСС-РЕЛИЗ 27.04.2020

01.05.2020

Пресс-релиз                                                                                           27.04.2020

Миллати мо аз қадим баробари он, ки шаҳрдору шаҳрсоз буд, ободгару заминдор низ буд, гузашта аз ин дар тули асрҳо бисёр халқҳо маданияти зироатпарвариро аз тоҷикон омӯхтаанд.

                                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 100,54 га гармхона, ки дар он кишти сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 57,19 га, бодиринг 21,85 га ва дигар намуди сабзавотҳо 21,50 га ба роҳ монда шудааст.

Кишоварзони ҷумҳурӣ майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То санаи 24.04.2020 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 765,3 тонна помидор, 194,1 тонна бодиринг ва 236,7 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1196,1 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намуда истодааст.

Бунёди боғу токзор

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо меваҳои тару тоза, санаотро бо ашёи хом, дар афзун намудани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кории доимӣ,  мавсимӣ ва таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.

Мувофиқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 2913 га бунёди боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардида, то санаи 24.04.2020 2289,2 га боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шуд, ки 78,6%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ кишоварзони вилояти Хатлон 1126 га бунёди боғу токзори навро ба нақша гирифта, то санаи 24.04.2020 1055,9 га ё 93,8%, вилояти Суғд 255 га ба нақша гирифта 629 га ё 2,4м% ва НТҶ бошад 1456 гектарро ба нақша гирифта 595,5 га ё 40,9% боғу токзори нав бунёд кардаанд, ки дар ҷумҳурӣ 78,6%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 90107 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиҳоро гузарониданд, ки 80%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7689 га зиёд мебошад. То санаи 24.04.2020 дар ҷумҳурӣ майдони 14190 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 33%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, дар майдони 28914 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 72%-и иҷроиши нақшаро дар бар мегирад.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020 бармеояд, дар ҷумҳурӣ дурнамои майдони кишти картошка 40 фоиз ва майдони кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ  60 фоиз зиёд пешбинӣ карда шуд.

                  Рафти кишти пахта дар ҷумҳурӣ

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол меафзояд.тибқи дурнамо соли ҷорӣ

кишоварзони ҷумҳурӣ майдони кишти пахтаро  ба 190000 га расониданд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида истодаанд. То санаи 24.04.2020 дар майдони 147937 га кишти пахта  гузарониданд, ки 77, 9%-и иҷрои дурнаморо ташкил дод.

Кишоварзони вилояти Хатлон рафти кишти пахтаро хуб ба роҳ монда айни замон дар майдони 102028 га кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 82,3%-и иҷроиши дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта -19075 га кам мебошад. Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта бомаром идома дошта, кишоварзон тибқи дурнамо дар майдони 60000 га кишти пахта гузарониданиянд. Айни замон майдони 43916 га  кишт карда шудааст, ки  баробари 73,2%-и иҷроиши дурнамо мебошад. НТҶ низ кишти пахтаро  мувофиқи нақша ба роҳ монда, то имрӯз дар майдони 1993 га кишти пунбадона гузарониданд, ки 33,2%-и иҷроиши дурнаморо  ташкил медиҳад.

Барои дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонидани кишт зиёда аз 1835 адад трактору тухмипошакҳо  мавриди истифодаи кишоварзон қарор дорад.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Чун ҳамасола  шурӯъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад.  Тибқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 27.04.2020 дар  корхонаҳои кишоварзӣ ва  хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)  ҷумҳурӣ 329806 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 96%-и иҷрои дурнаморо дар бар мегирад,ки нисбат ба соли гузашта 7079 сар зиёд гардида ба 100 сар мешу модабуз як сари зиёд мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

тел: 235-38-63 Сомона: www.moa.tj.