Тухмипарварӣ
Натиҷаи фаъолият дар соли 2020
Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати аз хориҷи кишвар харидорӣ кардани то 900 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элита барои кишти тирамоҳӣ соли 2020 ва то 1000 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита барои кишти баҳории соли 2021 дастгирии худро ёфт.
Дар асоси шартномаи ба имзо расонидашуда бо ширкати ҶДММ “Агрохмель”- и Федератсияи Русия ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии навъҳои “Московсквя 39”, “Московская 56” ва “Мироновская 808” ба ҷумҳурӣ ворид гардид. Дар асоси шартномаи дутарафа тибқи Қоидаҳои ташкил ва истифодаи фонди давлатии тухмӣ ба хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 01.01.2021 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 54165 тонна тухмии зироатҳои ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо (бе ҷуворимакка) захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2553 тонна зиёд буда, аз он гандуми тухмӣ 45047 тоннаро ташкил дода, нисбати соли гузашта 1151 тонна зиёд мебошад. Инчунин дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 67086 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7034 тонна зиёд мебошад.
Ҳамкорӣ бо Шарикони рушд дар самти тухмипарварӣ
Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо Шарикони рушд барои кишти соли 2020 аз хориҷи кишвар ба миқдори 203,3 тонна тухмӣ, аз он филиали ҶДММ «Сзинян Инхай» 23,3 тонна тухмии навъҳои Синюсза 39 ва Дӯстӣ 1 (Инхай-6) аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Кооперативи ғайритиҷоратии «Сароб» 60 тонна чигити тухмии навъҳои «Флеш» ва «Едесса» аз Ҷумҳурии Туркия, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКDN) 20 тонна картошкаи тухмии навъи «Бигроза» гурӯҳи элита аз Олмон ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО ООН) 100 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» гӯрӯҳи элита аз Голландия ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст.
Аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд 130,5 тонна картошкаи тухмии навъи «Пикассо», гурӯҳи репродуксияи якум аз Ҷумҳурии Қирғизистон барои кишти соли 2021 ворид гардида, аз он ба ноҳияҳои Рашт 12,5 тонна, Тоҷикобод 10 тонна, Лахш 10 тонна, Ховалинг 22,5 тонна, Муъминобод 22,5 дастрас гардид ва 53 тонна дар ноҳияи Рӯшон дар анбор захира гардида барои кишти баҳорӣ ба ноҳияҳои Ванҷ 10,5 тонна, Рӯшон 7,5 тонна, Шуғнон 7,5 тонна, Роштқалъа 18,5 ва Ишкошим 9 тонна тақсим карда мешавад.
Тибқи шартномаҳои дуҷониба байни КВД-и «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶДММ «Агрохмел»-и Федератсияи Россия аз 06.08.2020, №69/08-2020 ва №70/08-2020 ба имзо расид. Айни замон ёздаҳ вагон ба миқдори 737 тонна гандуми тухмии гурӯҳи элита, аз он навъи «Московская 56» ба миқдори 469 тонна, навъи «Московская - 39» ба миқдори 201 тонна ва навъи «Мироновская - 808» 67 тонна аз санаи 10.11.2020 тонна то 10.12.2020 ба ҷумҳурӣ ворид гардид, ки дар асоси рӯйхати тақсимоти Вазорати кишоварзӣ ба миқдори 462 тонна дар асоси шартнома ба 219 хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас гардида аст. Боқимонда 275 тонна навъи «Московская - 56» 200 тонна ва навъи «Московская 39» 75 тонна дар анбор нигоҳ дошта шудааст.
Инчунин, аз ҷониби Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон барои кишти тирамоҳӣ ба миқдори 36,3 тонна гандуми тухмии навъи «Московская - 39» гурӯҳи элита аз Федератсияи Россия ворид гардид.