Рафти иҷроиши ислоҳот
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 тасдиқ гардидааст, дар соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 як қатор корҳои назаррасро амали намудаааст.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти татбиқи Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №383 тасдиқ гардидааст, дар соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 як қатор корҳои назаррасро амали намудаааст.
Таъмини амнияти озуқавории кишвар аз рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дошта, барои устувор нигоҳ доштани рушди соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2020»-ро қабул намуд, ки мақсади асоси он бо истифода аз ҳамаи имкониятҳо таъмини соҳаи кишоварзии сердаромад ва ноил гаштан ба амнияти озуқавории мамлакат, инчунин тақвият бахшидан ба содироти маҳсулотҳои кишоварзии кишвар мебошад.Бо мақсади танзим ва рушди соҳа ва мутобиқ кардани он ба шароити имрӯза дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби вазорат 20 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 14-тои он тасдиқ ва боқимондааш дар баррасӣ мебошанд. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ», «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2008, №215 «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, созишномаҳои ҳамкорӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Белорус, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растани байни давлатҳои ИДМ ва Созишномаи “Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо» мавриди амал қарор гирифтанд.Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур», «Дар бораи тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба феҳристи давлатии навъҳо, инчунин пешбурди он», «Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи фонди суғуртавии тухмии растаниҳо», «Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пиллаи Тоҷик», «Дар бораи Консепсияи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2008, №215 “Оид ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта” бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» таҳия гардида тибқи тартиби муайяншуда ҷиҳати баррасӣ намудани Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Истифодаи самараноки имкониятҳо ҷиҳати рушди соҳа ва татбиқи Барнома ба он мусоидат намуд, ки дар соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ба истиснои картошка аз 1,0 то 35,8% афзуда истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 447 680 тонна, пахта 389 649, картошка 782 892, сабзавот 1 859 073, полизӣ 631 239, мева 405 038, ангур 228 303 тонна расонида шуд. Суръати афзоиш дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми маҳсулоти умумии растанипарварӣ дар маҷмӯъ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 16,9 млрд сомонӣ баробар гардид. Дар таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоии серсафеда ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ соҳаи чорводорӣ нақши муҳим дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 1,4%, гӯсфанду буз 2,8 %, паранда 2,8 % ва асп 0,6% зиёд гардида, маҳсулоти чорводорӣ аз 1,0 то 6,6% афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, гӯшт ба 248 769 тонна, шир 949 972 тонна, тухм 341 400 млн дона, асал 4 102 тонна ва моҳӣ 2 054 тонна расонида шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба 7,6 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2016 5,6%-ро ташкил дод.Дар маҷмӯъ баҳри рушди соҳа чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки нисбат ба соли 2016 суръати афзоиш ба андозаи 6,8 % нигоҳ дошта шуда, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли 2017 ба 24576 млн сомонӣ расонида шуд.Дар 3 моҳаи аввали соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1238,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 22,9 ва 5,0 фоизро ташкил медиҳад.Дар ин давра истеҳсоли сабзавот 1589 тонна, гӯшт 34756 тонна, шир 176837 тонна, моҳӣ 264 тонна, тухм 81618 ҳазор донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол мутаносибан аз 3,9 то 22,5 фоиз афзуд.Ҳамчунин оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар соли 2017 ва семоҳаи аввали соли 2018 корҳои зерин ба анҷом расонида шуд.Банди 1. Дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва фароҳам овардан шароити мусоид аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 01.01.2018 шумораи онҳо дар ҷумҳурӣ 171354 ададро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун субъекти соҳибкории истеҳсолӣ дар интихоби кишт ва парвариши намудҳои гуногуни зироатҳо, гузаронидани кишти такрорӣ ва гирифтани ду–се ҳосил аз заминҳои обӣ ва гирифтани даромад озод буда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15 марти соли 2016 таҳти №1289 ба онҳо шароит фароҳам оварда шудааст.Бо мақсади дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ ) ва тақвият бахшидан ба такмили ихтисоси хоҷагидорон ва бозомӯзии касбии кормандони комплекси агросаноатӣ вазорат бо ҷалби олимони соҳа ва мутахассисон мунтазам баргузории конфронсҳо, семинарҳо, мизи мудавварҳо ва курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзию такмили ихтисосро ташкил намуда истодааст.Ташкил намудани маркази иттилоотию машваратӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳалӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағгузорӣ ниёз дошта, Вазорати кишоварзӣ баҳри ташкили он дар доираи вохӯриҳо бо шарикони рушд тадбирҳои судманд андешида истодааст. Дар рафти амалигардонии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ ҳуқуқи зан дар идоракунии кишоварзӣ баланд гардида шумораи хоҷагиҳои деҳқоние, ки роҳбарашон зан мебошад тибқи маълумотҳои оморӣ ба 01.01.2017 шумораи онҳо ба 31041 нафар мерасад ва барои рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми худро гузошта истодаанд. Дар доираи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо”, ки дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ гардида истодааст барои баланд бардоштани даромаднокии занҳои хонаводаҳои камбизоат ба 853 зан кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.Дар самти такмил додани ҳисоботу маълумотҳои оморӣ вазорат ҳамкориро бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мунтазам масъалаҳои ҳалталабро оид ба соҳа баррасӣ менамояд.Банди 2. Бо мақсади самаранок амалӣ гардидани талаботи иқтисоди бозоргонӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба арзиши замин, андозбандии воқеии замин ва инчунин татбиқи андози ягона дар раванди амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури корҳои баҳои иқтисодии замин бо пуррагӣ гузаронида шуда, бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, гузаронидани баҳодиҳии иқтисодии замин дар ҳудуди ноҳияҳои Ёвон ва Н.Хусрави вилояти Хатлон идома дорад. Инчунин тибқи иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Қоидаҳои пайдо кардани ҳуқуқ ба истифодабарии қитъаи замин»-ро таҳия намуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст.Банди 3. Ҷиҳати истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда барои тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар майдони 837157 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, барои тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии мева дар масоҳати 4314 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он 3895 га боғ, 417 га токзор ва 2 га тутзор мебошад. Аз боғу токзорҳои бунёдгардида 2381 га дар таллу теппаҳои бо нами таъмин бунёд карда шудааст. Инчунин дар семоҳаи аввали соли 2018 тибқи маълумотҳои оморӣ то 01.04.2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 1831,5 гектар (56,3%) боғу токзори нав бунёд намудаанд, ки аз он 1781 гектар (63,4) боғ ва 50,5 гектар (11,3) токзор мебошад. Инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ майдони 957,5 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудааст.Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ корҳои пешгирӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ба роҳ монда шуда, вобаста ба шароити иқлими ба минтақаҳо хос бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна идома дорад. Пахта низ яке аз маҳсулотҳои содиротии давлат ва ҳамчун ашёи хом барои саноати сабук ва зироати равғандеҳ ба ҳисоб рафта, соли 2017 масоҳати кишти пахта ба 173979 га расонида шуда аз он 386508 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд. Дар соли 2018 масоҳати кишти он 187500 га пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли 2017 13521 га зиёд мебошад.Банди 4, 5 ва 22. Дастрасии нокифояи кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок яке аз мушкилоти соҳа буда, ҷиҳати ноил гардидан ба устувории молиявӣ ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаи кишоварзӣ, ки яке аз муҳимтарин ҳадафи Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ мебошад, то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва барои ҳалли ин мушкилот Вазорати кишоварзӣ ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниёз дорад. Бинобар ин баҳри баланд бардоштани сатҳи дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба кӯмакҳои молиявӣ ва қарзҳои имтиёзноки кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, ҷорӣ намудани низоми нави механизми маблағгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таҳияи чорабиниҳо оид ба таъмини бехатарии иҷтимоиро аз ҷониби мақомоти масъул зарур мешуморем.Дар доираи Барномаҳои соҳавие, ки маблағгузорӣ барои рушди соҳа равона мегардад барои рушд додани ҳамаи бахшҳои соҳа дастрас намегардад.Банди 4.1. Тибқи иттилои КВД “Тоҷиксуғурта” рафти воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ ғайриқаноатбахш буда, новобаста ба ин ҷуброни суғуртавӣ ба зарардидагони соҳаи кишоварзӣ дар шаш соли охир (2012-2017) ба маблағи 3905,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли 2017, 189,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин маблағ барои талафии зарар кифоя намебошад. Дар натиҷаи таъсири ҳодисаҳои табиӣ, ки дар ҷумҳурӣ рух медиҳад ба зироатҳои кишоварзӣ ва молу мулки хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳисороти зиёде мерасад ин маблағ барои барқарор намудани зарари онҳо хело ночиз мебошад.Бо назардошти чунин ҳолат ҷиҳати дар асоси таҷрибаи давлатҳои рӯ ба инкишоф ва хусусиятҳои маҳаллӣ, ҷиҳати гирифтани кумакҳои молиявӣ дар шакли субсидия барои таҳия намудани низоми суғуртаи соҳаи кишоварзӣ вобаста намудани мақомоти ваколатдори соҳа, яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД “Тоҷиксуғурта”-ро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебошад.Банди 6. Бо мақсади таъсис ва фаъолияти кооперативҳои хизматрасон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» аз 22 июли соли 2013, №991 қабул гардидаст, ки дар асоси қонуни мазкур ба дехқонон ва молистеҳсолкунандагони кишоварзӣ соҳибихтиёри дода шудааст ва онҳо метавонанд ихтиёран бо дарназардошти принсипи ягонагии манфиатҳо муттаҳид шуда кооперативҳо ташкил намоянд.Новобаста аз он ки хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ташкил кардани кооперативҳо ҳавасманд ҳам набошад бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба онҳо ҷиҳати беҳтар будани инфрасохтор ва таъмини моддию техникии кишоварзӣ барои сари вақт ба анҷом расонидани кишту кори зироатҳои кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ дар соли 2017 1153 техникаю мошинолоти кишоварзӣ аз он 438 трактори гуногунтамға, 66 комбайни ғалладарав, 10 комбайни шолидарав, 85 испори тракторӣ, 8 тухмипошаки ғалла, 4 техникаи алафдаравӣ, 96 ядаки тракторӣ, 2 комбайни ҷуворимаккадарав, 34 картошкашинонак, 39 картошкаканак, 83 досҳои тракторӣ ва дигар техникаю мошинолотҳо ва дар 3 моҳи аввали соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 590 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид карда шуд. Бо мақсади осон намудани корҳои кишоварзон дар ҷумҳурӣ то имрӯз 81 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шудааст, ки марказҳои мазкур бо 786 трактори шудгоркунанда (тасмачарх), байниқаторӣ (сечарха), нақлиётӣ (чорчарха), 27 комбайни ғалладарав ва 2228 мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили ядак, испор, тухмипошакҳо, картошкашинонак, картошкаканак ва дигар мошинолотҳо муҷаҳаз гардонида шудааст.Банди 7, 18. Ҷиҳати таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бораи дастгирии хоҷагиҳои миёна ва бузурги кишоварзӣ бо мақсади шароити мусоид фароҳам овардан ба рушди бахши хусусӣ барои дастгирии давлатӣ ва пешниҳодҳои имтиёзҳои андозу гумрукӣ. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба банди 21-и нақшаи чорибиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2016, №АП-820 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизотҳои истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии (комплектии) онҳо, воридоти нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳои ҳифзи растаниҳо, тухмиҳои репродуктивии зироатҳои кишоварзӣ, ворид намудани ниҳолҳо ва тагпайвандҳо барои бунёди боғҳои интенсивӣ ҷиҳати ба инобат гирифтан ва озод намудан аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумруки пешниҳоди худро ба вазоратҳои масъул оид ба озод намудани техникаи таъиноти кишоварзӣ аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумруки манзур намуд, ки пешниҳодҳо ба инобат гирифта шудааст. (қарори Ҳукумати Ҷумҳури аз 28.07.2017 № 368)Инчунин дар асоси банди 46 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҳамчун афзалиятнок муайян намудани соҳа воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шуд.Ҳамчунин тибқи моддаи 15 — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018” аз 15 ноябри соли 2017, №1469 воридоти ҳамаи намудҳои чорвои зотӣ (таъиноти гуштӣ, шири ва пашмӣ), тухмии элита ва репрадуксионии навъҳои зироатҳои кишоварзӣ “дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зот ва сифати тухмӣ” аз хориҷи кишвар бо мақсади парвариш ва истеҳсоли маҳсулот инчунин, тухмии кирмак барои пиллапарварӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.Банди 8. Ҷиҳати истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда барои тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва диверсификатсияи соҳа тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар соли 2017 майдони кишти зироатҳои равғандиҳанда, аз ҷумла офтобпараст 5241 гектар, кунҷит 659 гектар, маъсар 2021 гектар ва зағир 13203 гектар кишт гузаронида шуд.Дар дурнамои сохтори кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ барои ҳосили соли 2018 кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар майдони 145 034 га ва баҳорӣ дар майдони 104 908 га пешбинӣ гардида, аз он 100 314 га дар заминҳои обӣ буда, нисбат ба кишти соли 2017 майдони кишти ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ 43 901 га кам пешбинӣ гардид.Барои зиёд намудани истеҳсоли равған ва коҳиш додани воридоти ин намуди маҳсулот дар дурнамои кишти зироатҳои равғандиҳанда дар майдони 46 073 га пешбинӣ гардид, ки нисбати кишти соли 2017 22 084 га зиёд мебошад.Майдони кишти картошка 33 490 га дар назар дошта шуд, ки он нисбати кишти соли 2017 10 760 га зиёд мебошад. Аз майдони умумии пешбинишуда, 7 820 гектарашро (23,1%) картошкаи барвақтӣ ташкил дода, нисбати соли 2017 4720 га зиёд аст.Баҳри дар давоми сол таъмин намудани аҳолии кишвар бо сабзавоти тару тоза дар дурнамо кишти зироатҳои сабзавотӣ дар майдони 50 882 га пешбинӣ гардид, ки аз он 16 582 га (32,6 %) кишти барвақтӣ, аз ҷумла сабзӣ 6 584 га (12,9 %), пиёз 19 035 га (37,4 %) ва помидор 8 744 га (17,2%) мебошад. Нисбати кишти соли 2017 майдони кишти пиёз 5 139 га ва майдони кишти сабзӣ 2 894 га зиёд пешбинӣ гардид. Беҳтар кардани ҳолати чарогоҳҳо воситаи асосии таъмини чорво бо хӯрока буда, аз ҳисоби маблағи Барномаи рушди чарогоҳҳо 80 га чарогоҳҳои Кооперативи истеҳсолии зотпарварии «Данғара»-и ноҳияи Данғара бо тариқи сатҳӣ беҳтар карда шуда, як купрӯки чорвогузар бо дарозии 11 м ва паҳноӣ 2 м дар мавзеи Луғури шаҳри Роғун, як купрӯк бо истифода аз қубури андозааш 4 м х 2 м х 1,5 м дар ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ сохта ба истифода дода шуда, 10 км роҳҳои чорвогузари мавзеи Луғури шаҳри Роғун таъмир карда шуд. Бо усули сатҳӣ 60 га чарогоҳҳои ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷ бо тариқи обёрикунӣ беҳтар карда шуд.Ҳамчунин дар семоҳаи якуми соли 2018 барои мавсими муташаккилона рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистона ба чарогоҳҳои тобистона, ки фаро мерасад мутахассиони соҳавӣ барои омода намудани роҳҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирии чорво ва таъсиси нуқтаҳои назоратию байторӣ сафарбар гардида, дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда истодааст.Банди 9. 10 ва 11. Чорводорӣ соҳаи муҳими кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоии серсафеда ва саноати сабук бо ашёи хом нақши муҳим дорад. Дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзҳои 12-13.05.2017 барои намоиши чорвои хушзот ва тарғиби чорводорӣ дастуру супоришҳо доданд, ки баҳри иҷрои он вазорат дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Рашт, Айнӣ, Б.Ғафуров, Данғара ва шаҳри Сарбанд намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ баргузор намуд. Дар чорабиниҳои мазкур 395 сар чорвои калони шохдор, 670 сар гӯсфанду буз, 88 сар асп ва 1500 сар паранда, 1,5 тонна моҳӣ ва 1,0 тонна асал ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Бо мақсади тарғиб ва ҳавасмандгардонии минбаъда иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо сипосномаю ифтихорнома ва тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.Бо мақсади амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” як қатор корҳои хушзоткунӣ амалӣ карда шуд. Дар беҳтар намудани зоти чорво ва баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мавқеи муҳимро мебозад. Дар соли 2017 дар миқёси ҷумҳурӣ 292 нуқтаи бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 77 нуқта дар бахши ҷамъиятӣ ва 215 нуқта дар бахши аҳолӣ фаъолият намуда, тавассути ин нуқтаҳо 33613 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 25468 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати соли 2016 бордоркунии сунъӣ 1587 сар ва гирифтани насли хушзот 980 сар зиёд аст. 91 сар буққаҳои зотӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт бо мақсади беҳтар намудани зоти чорво дар бахши аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда шуда, 2092 сар модагов ба таври табиӣ бордор карда шуда, 891 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд. Дар соли 2017 3000 воя нутфаи буққаҳои хушзот ва асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ харидорӣ гардида ва аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 25 маҷмӯъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ тибқи нақшаи тақсимот ба шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд.Дар семоҳаи якуми соли 2018, 8018 сар чорвои калон бо тарзи сунъӣ бордор карда шуданд, ки тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ин давра аз бордоркунии сунъӣ 5768 сар гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бордоркунии сунъӣ 259 сар ва гирифтани гӯсола 97 сар зиёд аст. Барои таъмини нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бо ҳосили буққаҳои зотии истеҳсоли ватанӣ дар филиалҳои муассиса дар вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ 3050 воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол карда шуд. Инчунин барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ аз Институти физикаву техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1350 литр азоти моеъ харидорӣ ва бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 15 маҷмуъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ ва 1800 воя ҳосили буққаҳои зотии истеҳсоли хориҷӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва барои барқарор намудани ба дигар нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда шудааст. Дар баробари ин бо истифодабарии 49 сар буққаҳои зотӣ, ки бо кӯмаки молиявии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», барои беҳтар намудани зоти чорвои бахши аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас карда шудааст, тибқи маълумотҳои фаврӣ бо истифодаи ин буққаҳои зотӣ 540 сар модаговҳо ба таври табиӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби модаговҳои соли гузашта бордоргардида 52 сар гӯсолаи хушзот дар семоҳаи аввали соли равон гирифта шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо 24 адад клиникаҳои байтории хусусӣ сохта шуда онҳо бо таҷҳизотҳои корӣ ва дорувориҳо таъмин гардиданд, ки клиникаҳои мазкур ба 14432 хонаводаҳои 164 деҳаҳои ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа дар самти нигоҳдории саломатии чорво хизматрасони ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Марказ барои 24 нафар байторон омузишҳо оид ба “Мустаҳкамгардонии хизматрасонии байторӣ” гузаронида шуд. Ҷиҳати ба роҳ мондани хатти истеҳсоли доруҳои ватанӣ аз тарафи олимони Институти масоили амнияти биологӣ оид ба истеҳсоли 4 намуди ваксина ва 3 намуди маводи кимиётерапевтӣ ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ тартиб дода шуда, гувоҳнома ва сертификати мутобиқат барои истеҳсоли онҳо гирифта шуд. Бо истифода аз ҳайлаҳои (штаммҳои) микроорганизмҳои маҳаллӣ зиёда аз 100 ҳазор воя ваксинаҳо бар зидди касалиҳои сироятии чорво ва 430 литр (108 ҳазор воя) маводи зиддигиҷҷавӣ истеҳсол гардида, дар хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар асоси дастовардҳои илмӣ ба олимони институт 1 патент ва 1қарори мусбӣ барои гирифтани патент дода шуд. Инчунин як арзнома барои гирифтани патент пешниҳод гардид.Дар Институти ветеринарӣ ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии ваксина бар зидди брутселлёзи чорво ва маводи Витагин-2 омода гардид. Олимони институт оид ба ихтироҳои “Тарзи эмгузаронии комплексии ҳайвонҳои ваҳшӣ зидди ҳорӣ” ва “ Таркиби дорои таъсири акарисидӣ нисбати канаҳои ҳайвонот” соҳиби 2 патент гардиданд. Инчунин қарори мусбӣ оид ба 4 ихтироъ аз Маркази миллии патенту иттилоот гирифта шуд.Банди 13. Баҳри рушди соҳаи тухмипарварӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №438 “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардида мавриди амал қарор дорад. Дар соли 2017 барои тақвият бахшидан дар ин самт бо дастгирии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид 2 адад таҷҳизоти тамғаи “Петкус” барои тоза кардани тухмии зироатҳои кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба 2 хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ, хоҷагии деҳқонии “Сабз”-и шаҳри Кӯлоб ва хоҷагии деҳқонии “Абуҷафар”-и ноҳияи Шаҳринав дастрас карда шудааст. Ҳамчунин бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ 1 адад трактори ДТ-75, 2 трактори МТЗ-82, 1 трактори ЮТА, 2 адад ядаки тракторӣ, 2 адад таҷҳизоти обкашӣ (насос) харидорӣ карда шуд. Банди 14. Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба воситаи 2 Маркази татбиқи лоиҳаҳо амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи вазифаҳои гузошташудаи лоиҳаҳо баланд бардоштани малакаи маркетингӣ ва касбии кормандони соҳаи аграрӣ, инчунин баланд бардоштани маълумотнокии гендерӣ ва дигар чорабиниҳои иттилоотию кӯмакҳои моддӣ ба хоҷагиҳо кишоварзӣ расонида шуда истодааст. Банди 15. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ (меваю сабзавот), мӯътадил гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, №727 «Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдонҳо ва сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулотҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» қабул гардид. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ҷиҳат дар амал татбиқи намудани вазифаҳои гузошташудаи барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ бунёди 276 адад анбор, сардхона ва яхдон ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз он 73 адад сардхона 42 яхдон ва 161 адад анборхонаҳо мебошад. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 289241 тоннаро ташкил медиҳад, ки барои пешгири намудани талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамояд.Банди 12, 16, 16.1. ва 16.2. Илм пойдевори асосии рушди соҳаи кишоварзӣ буда, дар соли 2017 аз ҷониби олимони соҳа корҳои илмӣ оид ба 60 мавзӯъ, дар 74 қитъаи таҷрибавию намоишӣ ба роҳ монда шуда, омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалию зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра амалӣ карда шуд. Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо дар давраи ҳисоботӣ 7 навъи нави ихтироъ намудаи олимони АИКТ минтақабоб гардида, ҳамчунин барои санҷиш ва минтақабобкунӣ боз 21 навъу дурагаҳо, аз он 7 навъи пахта, 6 навъи ғалладонагӣ, 2 навъи зироатҳои хӯроки чорво ва 6 дурагаи сабзавот пешкаш карда шуд.Дастовардҳои илмии олимони соҳа бо 19 ҳуҷҷати ихтироъкорию навоварӣ, аз он 11 патент, 3 қарори мусбӣ барои гирифтани патент, 5 гувоҳномаи ихтироъ ва 5 шаҳодатномаи муаллифӣ тасдиқ гардида, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» 2 арзнома барои гирифтани патент пешниҳод гардид. Дастоварди се корманду унвонҷуйи муассисаҳои илмӣ бо ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шуданд.Банди 17. Вазорати кишоварзӣ барои ҷалби сармояи дохилию хориҷи ҳарсол лоиҳаҳои инвеститсионро таҳия намуда, ба мақомотҳои ваколатдори соҳа барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ ирсол намуда барои ҷалби сармоя чораҷӯӣ намуда истодааст. Банди 19, 20.1. Дар соли 2017 бо таҷдиди сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2017, №595 аз ҳисоби чор сохтори Вазорати кишоварзӣ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.Банди 21. Мувофиқи маълумоти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ 409 адад ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ташкил шудааст, ки дар заминҳои обёришаванда хизмат мерасонанд.Бояд тазаккур дод, ки амалигардонии Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 аҳамияти иқтисодӣ ва ҳам аҳамияти иҷтимоӣ дошта, ба рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ ва таъмини яке аз ҳадафи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки суръат бахшидан ба рафти ислоҳоти соҳавӣ бе иштироки фаъоли сохторҳои марбута ва дастгирии молиявӣ ғайриимкон буда, дар маҷмӯъ ба самарабахш амалӣ нагардидани Барнома оварда мерасонад.Аз ин лиҳоз рафти тезонидани он дигаргунии кулли ва иштироки фаъоли сохторҳои марбутаро тақозо менамояд. Чи тавре аз таҳлилҳо бармеояд истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби сармояҳои худӣ фаъол будани иштироки кишоварзонро дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ шаҳодат медиҳад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз маблағгузори нагардидани Барнома аз буҷети ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда аз ҷумла дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ равона гардида истодаанд самаранок истифода намуда, ҷиҳати амали намудани он, тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.Аз ҷумла бо мақсади ҷалби сармоягузорон, ки барои рушди бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ кӯмаки системавии дарозмӯҳлат мерасонанд. Барои мақсаднок равона намудани маблағгузорӣ ва фаъолияти онҳо бо мақсади ноил гардидан ба рушди устувор ва самаранок татбиқ гардидани «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ҷиҳати ҳамоҳангсозии Шарикони Рушд бо сохторҳои дахлдор вазоратҳо таъсиси Котиботи ислоҳоти аграриро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.Масъалаи таъсиси Котиботи ислоҳоти соҳаи аграрии назди Вазорати кишоварзӣ тибқи супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.03.2018, №8242 ва 07.08.2017, №9428(28-5) бо вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, бо назардошти дастгирии мақомотҳои кишвар аз 15.08.2017, №1/12-1790 ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.04.2018, №1/12 — 883 мактуб ирсол карда шуд ва то имрӯз ҳалли худро наёфтааст. Бояд қайд намуд, ки Котибот барои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои дар соҳаи кишоварзӣ амалишаванда, мустаҳкам намудани робитаю ҳамкориҳои муфиду самаранок бо Шарикони рушд ва дар ин замина ҷалби бештари сармоя ба соҳа, паҳн намудани иттилоот доир ба раванди амалисозии Барнома ва ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар амалисозии Барнома механизми асосии ҳамкорӣ мегардад.Таъсис додани Котибот дар назди вазорат бе таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, бе тағйироти сохтор, дар доираи маблағҳои лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат», ки аз ҷониби маблағҳои Иттиҳоди Аврупои бо воситаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) амалӣ шуда истодааст бо басти се воҳиди корӣ таъсис дода шуда, аз буҷети давлат маблағи иловагӣ талаб намекунад. Аз ин лиҳоз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъсиси Котиботи ислоҳоти соҳаи аграрӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем.