Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вазири кишоварзӣ ду лоиҳаро ба имзо расонд

30.11.2020
 
Санаи 30.11.2020 дар бинои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани марҳилаи дуюми лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» ва лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулодда таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷўии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон» доир гардид.
Лоиҳаҳои мазкурро аз ҷониби Вазорат, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода С.Р. ва аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, роҳбари Намояндагии ин ниҳод дар Тоҷикистон ҷаноби Гучгелдиев О.Т. ба имзо расониданд.
Маблағгузори лоиҳа Ҳукумати Ҷопон буда, татбиқкунандаи он Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Вазорати кишоварзӣ ҳамшарики татбиқкунандаи лоиҳа мебошад.
Бояд қайд намуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах» дар ҳошияи сафари расмии Сарвазири Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шиндзо Абэ моҳи октябри соли 2015 ба имзо расонида шуда, солҳои 2015 – 2018 бо иштироки ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон татбиқ гардид.
Марҳилаи дуюми лоиҳа бошад, солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта, дар ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон татбиқ мегардад.
Бо мақсади кумаки иловагӣ, аз ҷониби Намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон лоиҳаи ҳамкории техникии фавқулодда таҳти унвони «Омодагӣ ва чораҷўии фаврӣ доир ба пешгирии зарари малах дар Тоҷикистон»-ро омода гардидааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тақвияти базаи моддию техникии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» мебошад.
Бояд қайд намуд, ки лоиҳаҳои мазкур кумаки бебозгашт буда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ маблағгузорӣ мегарданд. Бо дарназардошти вазъияти имрўзаи ҷаҳон вобаста ба паҳн гардидани пандемияи «COVID-19» маблағҳои дар доираи лоиҳаҳо барои кишвар пешбинигардида ҷиҳати пешгирӣ хатари паҳншавии малах ва зарари он ба зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намуда, ба таъмини амнияти озуқавории кишвар кумак мерасонад.
 
 

Илова кунед: