27-уми августи соли 2021-ум дар асоси Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Саъдӣ Ғафорро бо медали “Хизмати шоиста”, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 тасдиқ гардидааст бо тантана сарфароз гардониданд.
Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафорро бо гирифтани медали “Хизмати шоиста” муборакбод намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ хоҳонанд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот