Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP”

26.11.2021

        Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба лоиҳаи “Баланд бардоштани имкониятҳои хоҷагии хурди деҳқонӣ ва пешбурди онҳо тавассути равиши SHEP” санаи 26-27 ноябри соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP” баргузор карда шуд.

        Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур таҳти роҳбарии Лутфуллои Давлат - муовини сардори Раёсати растанипарварӣ ва бо иштироки намояндаҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA), Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, раиси Ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор ва зиёда аз 40 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор гузаронида шуд.

       Дар рӯзи аввал (санаи 26.11.2021) қисмати назариявии чорабинӣ дар мавзӯи “Муаррифӣ ва мафҳуми равиши SHEP” дар Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода ба самъи хоҷагидорон расонида шуд. “((Маълумоти мухтасар оиди SHEP: SHEP (Smallholder Horticulture Empowerment and Promotion) - ин равишест, ки «Кишоварзии ба бозор нигаронидашуда»-ро амалӣ намуда ва шуури (донишу малака) хоҷагидоронро аз «Парвариш ва фурӯш» ба «Афзоиш ба фурӯш» табдил медиҳад.))”

        Инчунин пас аз қисмати назариявӣ аз рафти фаъолияти гармхонаи доимамалкунандаи хоҷагии деҳқонии ба номи Хурсанмурод Хоҷаеви деҳаи Чамандзори Ҷамоати деҳоти М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор шинос шуда, аз ҷониби мутахассиони болозикр барои бозҳам ҷоннок намудани фаъолияташ тавсияҳо дода шуд.

        Дар рӯзи дуюм (санаи 27.11.2021) қисмати амалии чорабинӣ дар Бозори марказии шаҳри Ҳисор дар якҷоягӣ бо намояндаи ҷамоат ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ таҳлилӣ бозор гузаронида шуд, ки гуруҳи хоҷагидорон ва соҳибкорон ҷиҳати шартномабандии дуҷониба барои дастрас ва таъмин намудани маҳсулоти тару тоза ҳамкориро ба роҳ монданд.

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2353923

Илова кунед: