Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафири Давлати Қатар ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд!

23.08.2021

          23-юми августи соли 2021 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал - Абдулло доир гардид.

         Дар рафти мулоқот масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз қабили: бо сармоягузории қатарӣ ворид намудани таҷҳизотҳои муосир барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, чорвои калон барои зиёд намудани насли хушзоти он, тухмиҳои хушсифати дараҷаи элитаи гандум, картошка, пахта ва дигар зироатҳои афзалиятнок, воридоти нӯриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашаротҳои зараррасон аз ҷумла малах, харидорӣ намудани модарзанбур бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содиротт он ба Давлати Қатар ва бунёди бинои нави таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баррасӣ шуданд.

         Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал – Абдулло ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Вазири шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар барои иштирок дар намоишигоҳи ЭКСПО, ки соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, супорида шуд.

 

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

        

Илова кунед: