Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

20.10.2021

         20-уми октябри соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р. ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н.М. бо мақсади боздид аз вазъи кишти зироатҳои кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

         Аз ҷумла дар аснои сафар аз вазъи майдони кишти пахта ва рафти ҷамъоварии ҳосили анор дар хоҷагии деҳқонии Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: