Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ

10.08.2021
Суратгузориш
 
Сафари кории Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар якҷоягӣ бо Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон.
Бояд тазаккур дод, ки дар рафти сафари кори аз ҳолати заминҳои хоҷагиҳои пахтакории ноҳияҳои мазкур дидан намуда вобаста ба гирифтани ҳосили дилхоҳ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2021 хоҷагиҳои пахтапарварии ноҳияи Фархор дар майдони 9570 гектар ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 5950 гектар кишти пахтаро гузаронидаанд, ки тибқи апробатсияи гузаронидашудаи мутахассисони соҳа ҳосили интизории (биологӣ) пахта ба ҳисоби миёна дар ноҳияи Фархор аз як гектар 22,8 сентнер ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз як гектар 22,6 сентнерро ташкил медиҳад, ки ҳосили умумии ноҳияи Фархор ба миқдори 21819,6 тонна ва ҳосили умумии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба миқдори 13447 тонна дар назар дошта шудааст.
 
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
 
 

Илова кунед: