Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари хизматии гурӯҳи корӣ ҷиҳати муайян намудани ҳосили интизории (биологӣ)-и пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвари вилояти Хатлон ба анҷом расид!

19.08.2021

        Тибқи фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани ҳосили интизории (биологӣ)-и пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтапарвари вилояти Хатлон аз ҳисоби мутахассисони МД муҳофизати растаниҳо ва химикикунонии кишоварзӣ, Институти зироаткории АИКТ, филиали Институти зироаткории АИКТ дар вилояти Хатлон, Бахши идоракунии сифати таҳсилоти ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ва кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, аз санаи 11.08.2021  то 18.08.2021  сафарбар карда шуданд.

        Ҳамчунин, дар раванди апробатсия мутахассисони Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, мутахассиси минтақавии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардори раёсату шӯъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо, саркишоварзони ҳар як ҷамоати деҳот, роҳбарону масъулини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ иштирок намуданд.

        Гурӯҳи корӣ ҳангоми аз майдонҳои кишти пахта дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон муайян кард, ки дар маҷмӯъ ҳосилнокии интизории пахта нисбат ба ҳосили ҳақиқии соли 2020 бештар мебошад.

        Тибқи маълумотҳои дастрасшуда дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон навъҳои пахтаи - Флеш, Флора, Синзян-39, Синзян, АДМ-123, Месенжер, Сорбон, Ирам-1МН, ВД-11, Хуҷанд, Хуҷанд-67, Ҳулбук, Хатлон-2014, Хатлон-2012 ва Сабз-Н кишт карда шудааст.

        Кишоварзон ин манотиқ  асосан аз норасогии об танқисӣ мекашанд.

        Имсол ҳосили заминҳои пахтаи вилояти Хатлон аз ҳашаротҳои зараррасон камтар зарар дидаанд, дар хоҷагиҳо то 3 маротиба ва аз он зиёд коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳашароту заррарасонҳо гузаронида шуда, ҳоло дар майдонҳои кишти пахта аз ҳашаротҳои зараррасон танҳо сафедболак ва миқдори тамоман кам ширинчаи сиёҳ ба чашм мерасанду халос.

 

  

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: