Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

НАХУСТИН МУАССИСАИ ОЛИИ КИШВАР

26.08.2021

Имрӯзҳо  кишвари азизамон қабои идона ба бар намудааст. Дар кулли шаҳру деҳоти мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон идома доранд. Барои мо ифтихори бузургест, ки дар соли таҷлили  ҷашни истиқлолият дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон 90-умин солгарди таъсисёбии нахустин Муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷашн гирифта мешавад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу амният пойдор гашту ваҳдату якдигарфаҳмӣ боиси рушду нумӯъ ва гулгулшукуфии бемисли кишварамон шуд. Дар ин давра таҳкурсии давлати соҳибихтиёри тоҷикон гузошта шуд, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ васеъ оғоз ёфта, садҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд. Баҳри таъмини се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари пешрафтаи саноатӣ-аграрӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дастовардҳои ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дар арзи 30 соли истиқлолият чашмрасанд. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ имрӯз ҳам асолати таърихии хешро давом дода, баҳри омодасозии кадрҳои арзандаи давру замон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми маърӯзаи худ ба муносибати 80 - солагии ДАТ иброз доштанд, ки: “Нақшу вазифаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерӯи зеҳнии худро ҳарчӣ бештар ба ин самт равона намояд”.

Донишгоҳ дар тӯли 90 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин давра барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 55786 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, аз он ҷумла 43055 нафар таҳсили рӯзона ва 12731 нафар таҳсили ғоибона мебошад.  Дар давраи 30 соли  соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2021)  ин теъдод зиёда аз 34700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки  62,2 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад..

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ин давра чор маротиба: 20 - ноябри соли 2001; 1 - сентябри соли 2006; 8 - октябри соли 2011; 26 - июни соли 2015 ба донишгоҳ ташриф овардааст. Фикр мекунем, ки ба ягон муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ чунин боварию эътиқод муяссар нагардидааст. Ва дар он ақидаем, ки Пешвои миллат худ кишоварзи асиланд ва қадри кишоварзону аҳли ин ягона даргоҳи илму ҳунари кишоварзиро бо як ҳиссу самимияти хоса мепазиранд. Ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст, дар ҷодаи рушди соҳа. Ин ифтихор моро водор месозад, ки анъанаҳои гузаштагони худро идома диҳем ва ҳамеша дар талоши он бошем, ки Тоҷикистонро ба кишвари пешрафта табдил диҳем.

Мо - устодону профессорони имрӯзи донишгоҳ мефахрем, ки дар ин даргоҳи таълиму илм ва фарҳангу ҳунари кишоварзӣ бузургоне чун Алиев Ғулом Алиевич, Бобохоҷаев Суннат Мадалиевич, Бухориев Толибек Аҳмадович, Диноршоев Мӯсо, Қосимов Ҷамол Қосимович, Қарақулов  Амир  Бӯриевич, Мамин Николай Оскарович, Мансурова Муборак Умаровна, Мешеряков Александр Михайлович, Нагибин Яков Дмитриевич, Носиров Юсуф Саидович, Сангинов Сангинбой Раҷабович, Сатторӣ Иззатулло, Ҷумонқулов Ҳайдар Ҷумонқулович, Эшонов Ислом Эшонович, Юсупова Норинисо Авазовна, Юсуфбеков Худоёр Юсуфбекочив ва дигарон дар тарбияи олимони ҷавон ва мутахассисони варзида саҳми арзанда гузоштаанд.

Донишгоҳ барои иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани муҷтамеи агросаноатии кишвар бо мутахассисони баландпояи замонавӣ тадбирҳои заруриро андешида, теъдоди ихтисосҳоро дар донишгоҳ сол аз сол вобаста ба талаботи истеҳсолот зиёд менамояд. Равияҳои биологӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ амал мекунанд. То соли 1990 дар донишгоҳ 7 факултет  фаъолият намуда, ҳамагӣ аз рӯйи 10 ихтисос мутахассисонро омода менамуд. Имрӯз донишгоҳ дорои 10 факултет ва 50 кафедра буда, барои таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисон 485 нафар устод машғуланд, ки дар байни онҳо 7 академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 доктори илм, 51 профессор, 150 нафар номзади илм ва 290 омӯзгори беунвон сафарбар гардидаанд.

Муваффақиятҳои донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ беназиранд. Дар ин давра дар асоси қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 1992, №311 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. 20 - октябри соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110 - солагии зодрӯзи фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №603 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» номгузорӣ гардид.

Донишгоҳ дорои муқаддасоти хеш Суруд, Парчам, Рамз (Нишон) гардид. Донишгоҳ аъзои шабакаи донишгоҳҳои Авроосиё ва Атлантика ( аз соли 2011) ва донишгоҳҳои алянси мактабҳои олии Хитой ва Осиёи Марказӣ (аз сентябри 2016) мебошад. Аз соли 2019 донишгоҳ аъзои комилҳуқуқи Алянси муассисаҳои олии касбии кишоварзии Шоҳроҳи абрешим мебошад. Соли 2003 донишгоҳ бо медали тиллои «Эраи сифат» сарфароз гардидааст. 22-юми марти соли 2017 донишгоҳ бо Мукофоти байналмилалии «BEST UNIVERSITY» (“Донишгоҳи беҳтарин”), ки аз ҷониби Иттиҳодияи Академияҳои Оксфорди Англияи Британияи Кабир бо пешниҳоди Кумитаи номиналии байналмилалӣ тақдим карда мешавад, сарфароз гардонида шуд. 26 апрели соли 2017 барои саҳми арзанда дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишгоҳ бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Моҳи  майи соли 2020 донишгоҳ ба ташкилоти QS ворид  гашт ва 20 нафар олими донишгоҳ ба  ҳайси коршиносони муайянкунандаи рейтинги муассисаҳо ба ҳайат ворид шуданд.

Ду нафар олими шинохтаи донишгоҳ ба гирифтани Мукофоти байналмилалии ба номи Суқрот сазовор шудаанд. 10 олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани ҷоизаи ҷумҳуриявии Исмоили Сомонӣ мушарраф гаштаанд. Як олими донишгоҳ соҳиби Ҷоизаи ба номи академик Павловский Е.Н. шудааст.

Барои босифат гузаштани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар донишгоҳ 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, 70 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ, 15 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ  ва 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи  Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Раёсати донишгоҳ барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини шаффофияту воқеъбинонаи имтиҳонҳои қабулу ҷараёни таҳсил ва таъмини сифати таълиму тарбия барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандон мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Натиҷа он аст, ки дар самти шаффофияту воқеъбинона ба роҳ монда имтиҳонҳои ҷорӣ қадамҳои устувори ибратомӯз гузошта шудааст. Донишгоҳ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз соли таҳсили 2007 -2008 қабули тестии хаттии имтиҳонҳои ҷориро ба роҳ монд ва ин аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт. Ҳамзамон, аз соли таҳсили 2011 -2012 қабули имтиҳонҳои ин усули қабули санҷишу имтиҳонҳои тестӣ ба воситаи компютерҳо амалӣ карда шуд.

Тамоми барномаҳои таълимӣ, стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи байналмилалии таҳсилоти бисёрзинагии низоми кредитӣ мутобиқ гардонида шудаанд, ки аз талаботи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 923 аз 04.07.2007 дар бораи «Гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ» бар меояд. Тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ,  №01 аз 28.09.2006 аз соли хониши 2006-2007 як ихтисос пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуд. Пас аз ин барои давра ба давра гузаштани тамоми курсу гурӯҳҳои факултетҳо маводҳои лозимии услубӣ омода кунонида шуда, аз 01 сентябри соли таҳсили  2011-2012 бо назардошти таъминоти пойгоҳӣ ва ҳуввияти миллии таҳсилот донишгоҳ  ба пуррагӣ ба низоми кредитии таҳсилот гузашт.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 - октябри соли 2011 ҳангоми ширкат дар ҷашни 80 - солагии ДАТ санги асоси бинои таълимии факултети агробизнесро гузоштанд ва дастур доданд, ки ҳамчун таҷриба дар донишгоҳ ихтисосҳои ҳамгиро ташкил карда шаванд, ки мақсад аз ин амал он аст, ки дар шароити кунунӣ силсилаи истеҳсол - нигоҳдорӣ - коркард - маркетинг - фурӯш дар истеҳсолот татбиқ шаваду бештар самара орад. Дар ин асос аз соли таҳсили 2012-2013 дар донишгоҳ 7 ихтисоси ҳамгиро ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, аз соли таҳслили 2017 – 2018 сар карда, тамоми донишҷӯёни шуъбаи ғоибона аз рӯйи таҳсилоти фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки ҳоло курсҳои 1- 4 таҳсилоти якум ва курсҳои 1-2 таҳсилоти дуюми олии касбӣ бо тарзи фосилавӣ таълим дода мешаванд. Дар ҳамин асос, бо фармоиши ректори донишгоҳ №08 аз 21.02 соли 2018 дар назди Маркази тестӣ бахши таҳсилоти фосилавӣ ташкил карда шудааст.

Донишгоҳ соли 2017 аз аттестатсияи навбатӣ ва соли 2019 аз аккредитатсияи навбатӣ ба муҳлати 5 сол  гузаштааст.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 1997 - 1998 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси машваратии занони фаъоли ҷумҳурӣ (26 - апрели соли 1997) барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷорӣ намуд. Ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯдухтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар тавассути квотаи президентӣ дар донишгоҳ аз соли хониши 1998 - 1999 оғоз ёфт. Он соли хониш 55 нафар духтар тибқи бурсияҳо ба таҳсил пардохтанд. Аз соли таҳсили 2004 - 2005 сар карда, қабули писарон ба донишгоҳ тавассути квотаи президентӣ аз ноҳияҳои дурдасти кишвар оғоз ёфт. Он соли хониш 4 нафар писар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Тибқи маълумоти оморӣ тӯли солҳои 1997 - 2021 дар донишгоҳ тибқи квотаи президентӣ 1084 нафар, аз ҷумла 379 духтар ва 705 писар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора 779 нафар донишгоҳро хатм намуда, ба ҷойҳои кори таъингардида фиристода шуданд. То имрӯз 25 нафар донишҷӯи квотаи президентӣ баъди хатм дар зинаи магистратура, 5 нафар дар аспирантура таҳсил карда, 7 нафари онҳо баъди  хатм дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба кор монданд ва 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Барои ҳавасмандгардонии духтарони фаъолу аълохон ҳар соли таҳсил 2 нафар донишҷӯдухтари донишгоҳ ба гирифтани идрорпулии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб мегарданд.

Донишгоҳ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони буҷавӣ бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои истеҳсолӣ робитаи зич дорад. Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262 оид ба “Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” ҳамасола бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандагон баргузор мегардад. Алоқамандона ба ин аз 2-3 қисми хатмкардагон барои кор ба истеҳсолот, ба корхонаҳои хочагии қишлоқ ба сифати иҷоракор, фермер ва кормандони хоҷагии инфиродӣ равона мешаванд. Бо тавсияи комиссия қисми дигари донишчӯёни қобилиятнок ва барои аз худ кардани тахассуси интихобкардаашон дилгарм хонишро то охир давом медиҳанд ва онҳо ба сифати ташкилотчиёни истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба кор равона мегарданд.

Дар баробари тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҷтамеи агросаноатӣ тарҳрезии барномаҳои илмӣ, ба хусус он барномаҳое, ки бевосита аз талаботи истеҳсолот бармеоянд ва ба рушди он алоқаманданд, яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимон донишгоҳ ба шумор меравад. Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба олимони донишгоҳ муяссар гардид, ки аз рӯйи 16 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 лоиҳаи сарборӣ таҳқиқоти илмии хешро амалӣ гардонанд.

Дар донишгоҳ ба тайёр намудани кадрҳои илмиву педагогӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Пас аз хатми магистратура лаёқатмандон ба докторантура доктор аз рӯйи ихтисоси PhD ҷалб карда мешаванд, ки дар оянда аз ҳисоби онҳо кадрҳои илмӣ-педагогӣ тайёр карда мешаванд.

Дар назди донишгоҳ 4 Шӯрои диссертатсионии миллӣ ва як Шӯрои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия амал мекунанд. Дар ин шӯроҳорисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ менамоянд. Омӯзгорони майлу рағбати дифои рисолаҳои дараҷаи илмӣ доштаро раёсат ҳаматарафа дастгирӣ намуда, фаъолияташонро дар ҳама зинаҳои тайёрӣ ва дифоъ зери назорат қарор медиҳад. Сафарҳои хидматӣ ва чопи рисолаву авторефератҳои олимони ҷавон аз тарафи раёсати донишгоҳ пардохт карда мешавад.

Дастовардҳои илмии донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ шоистаанд. Дар солҳои 2008-2009 дар мавзӯи "Тарҳрезии усули самараноки парвариши бактерия антагонист Batsilussubtilis" ва маводи хушки микробиологӣ дар ассорбентҳо ва ”Арзёбии захираҳо ва самаранокии табдил ва истифодаи манбаьҳои баркароршавандаи энергия дар ҶТ” 17.06.2010 аз тарафи Шӯрои Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ баҳои баландро сазовор гардиданд.

1 январи соли 2011 тарҳрезии лоиҳаи "Биотехнологияи инноватсионӣ"-и Шӯрои иқтисодии байнидавлатии Аврупою Осиё пешниҳодшуда, маъқул ва барои маблағузорӣ пешниҳод карда шуд. Ин амал дастоварди беназир аст ва аз иқтидори зеҳнии олимони донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Дар солҳои 1991 - 2021 донишгоҳ 130 нафар номзади илм ва 71 нафар доктори илм омода намудааст.

Ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Дар соли 2015 аз тарафи Комиссияи навъсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гандуми навъҳои “Моҳи нав”, «3000-солагии Ҳисор» ва пахтаи миёнанахи тезпази нави “Ҳулбук”, “Зарафшон” дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ минтақабоб карда шудаанд.

Раёсати донишгоҳ доимо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимӣ ва таъсису муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои таълимию  илмӣ ва илмӣ - таълимӣ бо таҷҳизоти муосир талош меварзад. Ҳамин буд, ки дар давраи то соли 1991 теъдоди озмоишгоҳҳои таълимӣ 14 адад ва илмӣ 4 ададро ташикил менамуд. Имрӯз теъдоди ин озмоишгоҳҳо мутаносибан ба 70 ва 18 расонида шудааст, ки ин аз саховти соҳибистиқлолии давлатӣ бар меояд. Тайи солҳои охир 4 озмоишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии ҳозиразамон таъсис дода шуданд, ки онҳо бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонида шудаанд. Дар озмоишгоҳҳову хоҷагиҳои таълимиву таҷрибавии донишгоҳ дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои ҳамешасабзу мавсимӣ парвапиш карда мешаванд. Дар донишгоҳ парки технологӣ таъсис дода шудааст ва бо бастани шартнома олимони ҷумҳурию хориҷӣ, хоҷагиҳо ва мутахассисон метавонанд аз инҳо самаранок истифода баранд.

Дар назди донишгоҳ Институти илмӣ - тадқиқотии биотехнологӣ (ИИТБ) таъсис дода шудааст, ки дар он корҳои селексионии навъҳои нави тоҷикии барои шароити Тоҷикистон мусоид ва барқарор кардани навъҳои солимгардонидашудаи дар минтақаҳои Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба роҳ монда шудааст. Корбарӣ бо истифодаи усулҳои биотехнологӣ-муҳандисӣ-ҳуҷайравӣ бо бофтаҳои меристеми коллосӣ ва тухмакҳои ботаникӣ роҳандозӣ мегардад. Тайи солҳои охир картошкаҳои навъҳои «Шукрона», «Каримӣ», «Нури», «Овчӣ» «Ғончӣ», «Баҳромӣ» аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ офарида шуда соҳиби шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер (патент) гардиданд. Натиҷаҳои корҳои таҳқиқотӣ дар хоҷагиҳои таҷрибавӣ минтақабоб мешаванд, сипас дар дигар хоҷагиҳо ботадриҷ тадбиқи истеҳсолӣ меёбанд. Ҳоло дар бисёр хоҷагиҳои картошкапарварии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон картошкаи тухмии навъҳои бо усули биотехнологӣ солим гардонида шуда, парвариш меёбанд ва назар ба картошкаи тухмии аз хориҷи кишвар воридшуда афзалият нишон медиҳанду хеле арзонанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон( 26 декабри соли 2019)  пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон карда шавад. Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маорифи мамлакат 18-уми марти соли 2020 иброз намуданд, ки: “Мо мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Бовар дорем, ки бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад”. Сарвари давлат лозим донистанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шавад.

Хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвон дар раванди таълиму тарбияи мутахассисони соҳа ҳамчун пойгоҳи гузаронидани машгулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои шиносоӣ, технологӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва амалисозии барномаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотию татбиқи дастовардҳои илмии олимони донишгоҳу дигар муассисаҳои илмӣ, навгониҳои технологии истеҳсолот ва тадбиқи онҳо дар ин пойгоҳ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Соли 2020 дар машқгоҳи КВТТ “Ҳисор” дар  майдони 1 га қитъаи ниҳолпарварӣ иборат аз 11000 ниҳоли ороишӣ ва  1000 адад ниҳоли мевадиҳанда  ташкил карда шуд. Дар 4 ҳавзи хоҷагии таълимӣ таҷрибавии мазкур  парвариши 5000 адад моҳӣ ба роҳ монда шудааст, ки мавриди истифодаи корҳои илмиву таълимии донишҷӯёну магистрон ва докторантону устодон  қарор дорад. Ҷиҳати татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот қитъаҳои намоишии парвариши зироатҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳамкории олимони донишгоҳ бо истеҳсолот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҳайати коршиносони донишгоҳ гурӯҳҳои кории сайёр ташкил карда шуда, ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳо сафарбар карда мешаванд. Олимони донишгоҳ зуд-зуд ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ баромаду суҳбатҳо мегузаронанд. Ба хотири расонидани кӯмаки амалӣ ба хоҷагидорон аз санаи 1 июни соли 2020 дар донишгоҳ “Маркази машваратӣ барои кишоварзон” таъсис дода шудааст, ки ба зангҳои телефонӣ ва ташрифоти кишоварзон аз  хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тавассути устодони навбатдор маслиҳатҳои судманд дода мешавад.

 

Дар китобхонаи марказии донишгоҳ 497967 ҳазор китоб, аз ҷумла 269157 китоби тахассусӣ,  7854 дастури  таълимӣ-методӣ ва 28722 маҷаллаи илмӣ – методӣ мавҷуданд. Китобхонаи донишгоҳ дорои 119959 китоби электронӣ мебошад. Соли 2020 дар шаҳраки донишҷӯён китобхона кушода шуд, ки дар он 5000 нусха китоби сиёсӣ, бадеӣ ва таълимии тахассусӣ ҷой дода шудааст. Дар соли таҳсили  2020 – 2021  ба китобхонаи донишгоҳ 42012 адад маводҳои чопию  электронӣ ворид гардиданд, ки аз ин 5377 адад китобу дастурҳои таълимии чопӣ ва 41060 адад  китобу дастурҳои электронӣ мебошанд.

Соли 2011 китоби «Энсиклопедияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» интишор гардид. Соли 20016 китоби дастаҷамъии олимони донишгоҳ «Пешвое, ки халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод» ва  китоби «Тоҷик ризқро аз меҳнати ҳалол ёфтааст» ба табъ расид, ки муаллифон Салимзода А. Ф., Сайдалиев М.Х. ва Сардоров М.Н. мебошанд.

Соли 2010 маҷаллаи назариявӣ, илмию амалии «Кишоварз» ба рӯйхати нашрияҳои боэътимоди Комиссияи олии аттестатсионии ФР ворид карда шуд. Маҷалла моҳи декабри соли 2018 «Кишоварз» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ба қайд гирифта шуда, ба рӯйхати адабиёти пешбари Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 1572 нафар мутахассиси баландпояро барои давлатҳои дунё аз рӯйи ихтсосҳои гуногун тайёр намудааст. Ҳамзамон 61 нафар шаҳрванди хориҷӣ пешдифоъ ва дифои рисолаҳои хешро анҷом дода, унвони доктори илмиро гирифтаанд. Беш аз 200 нафари дигар баъди хатми шуъбаи тайёрӣ таҳсили худро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон  ва дигар кишварҳо давом додаанд.

Ҳамаи ин нишондодҳо ба шарофати қабули шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси бурсияҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тариқи  шартнома сурат гирифтааст.

Айни замон дар донишгоҳ 240 нафар шаҳрванди бурунмарзӣ аз 5 мамлакати хориҷии дуру наздик бо тариқи шартномавӣ ва тибқи бурсияи ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 22 ихтисос таҳсил менамоянд, ки аз онхо 15 нафар дар шуъбаи рӯзонаи  зинаи бакалавриат, 204 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 21 нафар дар зинаи докторантураю магистратура фарогири таҳсиланд.

Тӯли ин солҳо донишгоҳ бо 267 донишгоҳу донишкадаҳои Донишгоҳи Пурду (Амрико), Донишгоҳи Оксфорд (Британияи Кабир),  Донишгоҳи аграрии Синзян, Донишгоҳи илмии кишоварзии Шведсия, Донишгоҳи давлатии аграрии Россия ба номи К. А.Тимирязев, ташкилоти LOGO,  Донишгоҳи илмҳои табии  Вайенштефан – Триздорф (Олмон), Ташкилоти ҳамкории Шанхай (ТҲШ, УШОС), ташкилоти «Ҷайка» (Япония), РОСИС, Донишгоҳи аграрии Латвия, Донишгоҳи аграрии Словакия, Донишгоҳи Вагенингени Ҳоланд, Донишгоҳи кишоварзӣ ва тибби ветеринарии Руминия, Донишгоҳи илмҳои табии Эстония ва ғайраҳо дар бахшҳои мухталиф аз қабили мубодилаи донишҷӯён,  равона намудани донишҷӯён ба магистратура, аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ,  тайёр намудани айёниятҳо, барномаҳои намунавии таълимӣ, барномаҳои таълимии магистратурӣ, ташкил намудани  ихтисосҳои нави магистрӣ, коромӯзии омӯзгорон  созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст. Ҳамкориҳо боиси он гардиданд, ки 660 нафар омӯзгори донишгоҳ дар 19 мамлакати хориҷӣ дар қитъаҳои Аврупою Амрико ва Осиё  сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисосро гузашта, 575 нафар донишҷӯён, магистрон ва аспирантон ҳамчун ғолиби озмун дар Русия, Олмон, Чехия, Ҳоланд, Шведсия, Юнон, Латвия, Эстония, Словакия, Британияи Кабир, ИМА,  Италия, Япония  ва Ирландия ва ташкилотҳои байналмилалии CASIA, TOSCA, еASTANA, UNINET, LOGO, РОСИС курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро дар ин муассисаҳо гузаштанд, ки маблағи таҳсил аз тарафи ташкилотҳои хориҷӣ пардохт  карда  шудааст.

Дар ин давра донишгоҳ дар доираи 35 лоиҳа бо  барномаҳою  ташкилотҳои байналмилалӣ: TEMPUS, LOGO, ERASMUS MUNDUS, CASIA, TOSCA, eASTANA, UNINET, ERASMUS + шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду ихтисоси магистратураи байналмилалӣ “Геоинформатика” ва «Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ» ва ду ихтисос дар зинаи бакалавриат “Геодезия” ва “Марғзорпарварӣ” кушода шуданд, ки ба онҳо довталабон аз донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ҷалб карда мешаванд.

Дар давоми 30 соли Истиқлои давлатӣ дар донишгоҳ як зумра корҳои ободонию таъмирӣ дар биноҳои таълимию ёрирасон ва озмоишгоҳҳо гузаронида шуданд. 29 августи соли 2017 дар остонаи соли хониши 2017-2018 донишгоҳ соҳиби боз як бинои хуштарҳу зебои замонавӣ- бинои нави таълимии факултети агробизнес гардид ва ин 13-умин бинои таълимӣ мебошад. Бино аз 5 ошёна иборат мебошад, ки дар он 2 толори лексионӣ,1 маҷлисгоҳ, 2 озмоишгоҳи илмӣ-таълимии замонавӣ, 13 синфхона, 14 ҳуҷраи корӣ ҷой гирифтааст ва барои зиёда аз 600 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ  тамоми тадбирҳо андешида шудаистодааст.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур -ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор

Илова кунед: