Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р., бо роҳбари Бонки Рушди Исломӣ Иброҳим Шукрӣ.

22.10.2021

Санаи 22-уми октиябри соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода С.Р., бо роҳбари Бонки Рушди Исломӣ Иброҳим Шукрӣ ва намояндагони он баргузор гардид.

          Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Рушди Исломӣ барои ҳамкории босамар дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, аз ҷумла дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, эҳтироми баланд ва миннатдории худро изҳор намуда, рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Рушди Исломӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

         Ин чунин Бонки Рушди Исломӣ барои таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи исломӣ оид ба пешбурди бахши хусусии Бонки рушди исломӣ барои асосноккунии техникӣ -иқтисодӣ, таъсиси кластерҳо барои истеҳсоли мева дар минтақаи Данғараи вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва водии Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон », ки яке аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад қайд карда шуд.         Афзалиятҳои дар лоиҳаи созишнома пешбинишуда яке аз самтҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ мебошанд.         Мо умедворем, ки ҳамкорӣ дар доираи ин Созишномаи грантӣ самарабахш хоҳад буд ва ба таъмини амнияти озуқаворӣ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар маҷмӯъ дар минтақа таъсири назаррас хоҳад гузошт. 

 

 Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: