Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Роҳбари дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Рахманин Владимир Олегович

12.05.2022

Санаи 12 майи соли равон дар ҳошияи Конфронси 33-юми минтақавии ФАО СММ мулоқоти Вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Роҳбари дафтари минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Рахманин Владимир Олегович баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои кумаки техникии ФАО СММ – ро дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати татбиқи босамари Нақшаи миллии сармоягузорӣ, муборизаи минтақавӣ бар зидди малах ва таҳияи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои рақамикунонӣ, таъсис ва рушди марказҳои ахборотию машваратӣ ба фермерон, таҳкими занҷираи тухмипарварӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.

Қайд гардид, ки ФАО СММ барои дастгирии ҳамаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ омода буда, дар оянда нақша дорад, ки дар доираи лоиҳаҳои кумаки техникӣ сармоягузориро ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун намояд.

Мулоқот дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, Рахманин В.О. Вазири кишоварзии ҷумҳунрии Тоҷиикстон Каримзода Саъдӣ барои иштирок дар ҷаласаи сатҳи баланд, ки моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Рими Италия баргузор мегардад даъват намуд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед: