Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Раиси Агентии бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Озарбойҷон Гошгар Тахмазли

05.05.2022

Пас аз маросими расмии Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Назар ба оянда: гузариш ба кишоварзии рақамӣ" санаи 6 майи соли равон дар шаҳри Боку мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ  бо Раиси Агентии бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Озарбойҷон Гошгар Тахмазли баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ низ иштирок намуд. 

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои байторию фитосанитарӣ, ба роҳ мондани сертификати электронии сифат бо мақсади содда гардонидани содироти маҳсулотҳо байни ду мамлакат мавриди гуфту шудид қарор доданд.

Бо мақсади амали намудани муқаррароти Созишномаи байни кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷонибҳо таъсиси гуруҳи кории муштаракро дар самти байторӣ, фитосанитарӣ, бехатарии озуқаворӣ ва хизматрасонии байтории бахши хусусӣ ва таботули таҷриба дар соҳа ибрози андеша ва омодагии худро изҳор намуданд.

Мулоқоти мазкур дар фазои дустӣ баргузор гардид. 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: