Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Директори генералии Созмони байналмилалии "Vine and Wine" Пабло Роха Бласко

06.05.2022

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Назар ба оянда: гузариш ба кишоварзии рақамӣ" санаи 6 майи соли равон дар шаҳри Боку мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ  бо бо Директори генералии Созмони байналмилалии "Vine and Wine" Пабло Роха Бласко баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаи шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Созмони мазкур баррасӣ намуда, тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки масъалаи мазкурро бо роҳи дипломатӣ баррасӣ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки Созмони байналмилалии "Vine and Wine" аз соли 1924 ташкил гардида, то имрӯз зиёда аз 50 мамлакати ҷаҳон аъзои он мебошанд. Фаъолияти созмони мазкур ба ҷанбаҳои илмиву техникии токпарварӣ ва виносозӣ равона гардидааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: