Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ!

23.08.2021

         24 августи соли 2021 мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Татяна Проскурякова бо мақсади муаррифии Директори нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли баргузор гардид.

         Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, бо дарназардошти таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, инчунин омодагӣ ва чораҷўии саривақтӣ ба чолишҳои нави ҷаҳонӣ доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар давраи ҳамагирии пандемияи COVID-19, татбиқи саривақтии лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Таҳкими иқтидори соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон»-ро, ки  25 июни соли 2021 ба имзо расонида шуда буд, афзал шумориданд.

         Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, ҷонибҳо ба сифати самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда рушди занҷираи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бо дарназардошти ба инобат гирифтани инноватсия ва таҷрибаи муосир диққати махсус зоир намуданд.

 

 

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: