Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.04.2022

Дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқот Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ қайд намуд, ки дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, ки роҳи бузурги мустақилро тай намуда, чӣ дар доираи мулоқотҳои сатҳи баланд ва дар доираи вохӯриҳои созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба рушди динамикӣ ва густариши муносибатҳои мо мусоидат карда истодаанд. Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ ҳавасмандии худро барои тезонидани раванди баррасии “Лоиҳаи рушди иқтидори механиконии кишоварзӣ дар Тоҷикистон” изҳор намуда, барои ташкил ва ҷалб намудани кормандони вазорат ва воҳидҳои сохтории он ба курсҳои омӯзиши мавзуъҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ миннатдорӣ баён мекунем.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро қайд намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири инноватсионии кишоварзӣ, дар бораи ҳавасмандкунӣ ва равандҳои инноватсиониро барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушд тадбирҳои хеле ҷиддӣ ва муассирро бояд андешид.

Дар фарҷом ҷонибҳо  30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд, ҳамкориҳои дуҷониба дар рӯҳияи эътимод ва шарикии мутақобила изҳори миннатдорӣ намуданд.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот.

Илова кунед: