Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти Нигина Анварӣ – муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.04.2022

       Санаи 25-уми апрели соли 2022 мулоқоти Нигина Анварӣ – муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

       Зимни мулоқот маҷмўи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтани анбору сардхонаҳо, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, занҷираи арзиши иловашудаи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Ёдоварӣ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария бо ҳам шарики стратегӣ буда, дар аксар самтҳои афзалиятнок ҳамкорӣ менамоянд.

       Дар ин замина, Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обкашонӣ ва инфрасохтори он, пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим, таъмини оби ошомиданӣ, идоракунии обҳои партов ва беҳбудии гигиена дар шаҳру деҳот, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим фаъолият менамояд, ки ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат сањми назаррас мегузорад.

       Дар маҷмўъ, мулоқоти мазкур дар фазои дўстӣ ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо омодагии хешро барои ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд.

          Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: