Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мулоқоти муовини якуми Вазорати кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор бо Доктор Ҷиро Айкава оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (JICA)

11.11.2021

          Санаи 12 ноябри соли 2021 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ Ғафор ва Доктор Ҷиро Айкава роҳбари гурӯҳ оид ба тадқиқоти базавии банақшагирии SHEP Approach Протоколи вохӯриҳои Вазорати кишоварзӣ ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар доираи тадқиқоти базавии банақшагирии “Лоиҳаи баланд бардоштани хизматрасониҳои машваратӣ бо истифода аз равиши SHEP (TAJIK-SHEP)” ба имзо расониданд.

       Мавриди зикр аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи апрели соли 2022 оғоз мегардад ва 4 солу 6 моҳ давом меёбад.

       Мақсади лоиҳаи равиши SHEP ин баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавӣ мебошад.

 

 

       Шуъбаи матбуот ва иттилоот

 

Илова кунед: