Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мубориза бар зидди малах дар вилояти Хатлон.

22.04.2022

Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода  аз минтақаҳои паҳнгаштаи малах дар ноҳияҳои ноҳияҳои Панҷ ва Вахш вилояти Хатлон боздид намуд. Дар ин сафар сардори Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" Нозанинзода Нусратулло ва сардори филиали муассиса дар вилояти Хатлон Давлатзода Раҷабалӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ муовини якуми вазирро ҳамраҳӣ намуданд.

Ба Муовини якуми вазир Музаффар Мирзозода иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаҳои паҳнгаштаи малах корҳои безараргардонӣ бо маром идома дошта, тавассути заҳрхимикатҳои кимиёвӣ ва техникаи махсуси дорупошӣ амалӣ карда мешавад. 

Тибқи маълумоти фаврӣ  оид ба майдони паҳнгаштаи малах ва коркарди кимиёвӣ бар зидди он дар ноҳияҳои Панҷ 8496 гектар ва Вахш 7144 гектарро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби филилаи Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон то ин давра дар ноҳияҳои майдони коркардшуда аз руи маълумотҳои имруза дар ноҳияҳои Панҷ 3578 га ва Вахш 3875 га-ро ташкил медиҳад коркард гузаронида шудааст. Боиси зикр аст, ки малах асосан дар заминҳои чарогоҳ мавҷуд буда, хушбахтона то имрӯз ба майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ зарар нарасонидааст.

Ҳамзамон дар чорабиниҳои мубориза бар зидди малах мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷ ва Вахш ва хоҷагидорон саҳми худро гузошта истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корро ҷоннок намуда, бо ташкили Ситодҳои махсус дар тамоми ҷумҳурӣ бар зидди малах мубориза бурда истодааст.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Илова кунед: